Қуръакашии сеткаи асосии Ҷоми Тоҷикистон-2020 рӯзи 15 июл баргузор мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Қуръакашии сеткаи асосии Ҷоми Тоҷикистон-2020 рӯзи 15 июл баргузор мешавад

Рӯзи чоршанбеи 15 июл, дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон қуръакашии сеткаи асосии мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон баргузор мешавад. Оғози чорабинӣ соати 8:00 муқаррар шудаст.

Аз марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон ба мусобиқа даҳ дастаи лигаи олии кишвар – «Истиқлол», «Хуҷанд», «Хатлон», КМВА, «Кӯктош», «Регар-ТадАЗ», «Истаравшан», «Душанбе-83», «Локомотив-Помир» ва «Файзканд» оғоз мекунанд.  Дар ин марҳила ба даҳ дастаи лигаи олӣ, шаш дастаи лигаи якум ҳамроҳ мешаванд, ки инҳо «Равшан» (Кӯлоб), «Равшан» (Зафаробод), «Барқчӣ» (Ҳисор), «Моҳир» (Ёвон) ва «Эсхата» (Хуҷанд) мебошад.

Он гуна ки қаблан хабар дода будем, бозии марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои “Саройкамар” (Панҷ) ва “Панҷшер” (Ҷалолиддини Балхӣ) бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи дастаи ноҳияи Панҷ анҷом ёфт, аммо “Саройкамар” қоидаи муқарраргаштаи ивазшавии бозигаронро вайрон намуда, ба ҷои се имконияти дар вақти бозӣ барои ивазшавии бозигарон қароршуда, аз чор имконият истифода намуд. Ин мавзу пагоҳ дар ҷаласаи навбатии Кумитаи назорати интизоми Федератсия баррасӣ мешавад.

Ёдрас мешавем, ки имсол тартиби баргузории мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон тағйир ёфт. Қаблан, дар ҳар марҳилаи мусобиқа дастаҳо аз рӯи натиҷаи ду бозӣ (дар сафар ва дар майдони худ) муайян мешуданд. Дар мавсими имсола бошад, дар ҳар як марҳилаи мусобиқа (пешакӣ, 1/8, 1/4, 1/2 финали) ғолиб аз рӯи натиҷаи як бозӣ муайян мешавад. Ин ҳам дар ҳоле, ки дастаҳои соҳиби майдон мутобиқи қуръакашӣ аз рӯи сеткаи Ҷоми Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

Қобили қайд аст, ки ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2020 ҳуқуқи кишвари моро дар Ҷоми КФО-2021 муаррифӣ карданро ба даст меорад. Дар сурати унвони чемпионӣ ва Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб шудани як даста, Тоҷикистонро дар Ҷоми КФО-2021 ҷоизадори медалҳои биринҷии чемпионати мамлакат намояндагӣ хоҳад кард.

Назари худро бинависед