Тоҷикистон дар радабандии нави футболи ҷаҳон мавқеашро дигар накард

Дар раддабандии нави FIFA, ки имрӯз нашр шуд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон мавқеашро дигар накард ва дар мақоми 133-ум боқӣ монд.  Ин дар ҳолест, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон ду моҳи охир бозиҳои дӯстона ва расмии худро барпо накардааст.

Миёни дастаҳои мунтахаби Осиё низ мавқеи Тоҷикистон иваз нашуд ва дар зинаи 20-ум қарор дорад. Дар ин нишондод дар Осиё ҳамоно дастаи мунтахаби Эрон дар ҷои аввал (32-ум дар ҷаҳон,-3*), Кореяи Ҷанубӣ дуюм (39,-2) ва Ҷопон дар зинаи сеюм (52, -3) мебошанд.

Дар ҷаҳон мутаносибан дастаҳои мунтахаби Аргентина (1644), Бразилия (1534) ва Олмон (1443) се зинаи аввалро ишғол мекунанд.

Пешравӣ ва дастоварду нишондоди беҳтарин дар таснифоти нав ба дастаи мунтахаби Суринам тааллуқ дорад. Футболбозони ин кишвар 9 зина  боло рафта, мавқеашонро аз ҷои 129-ум ба 120-ум иваз карданд. Дастаи нишододаш аз ҳама паст, ки 13 зина поён рафтааст, намояндаи Конфедератсияи футболи Осиё,- дастаи мунтахаби Миянма ба шумор меравад. Онҳо аз мақоми 159-ум ба 172-юм гузаштанд.

Рейтинги FIFA аз соли 1993 инҷониб гузаронида шуда, имтиёзҳо аз рӯи натиҷаи нишондодаи дастаҳои мунтахаби миллии кишварҳо дар давоми чор сол дода мешаванд.

Натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби Тоҷикистон то ба имрӯз мақоми 106-ум дар моҳи июни соли 2013 мебошад.

Феҳристи нави FIFA 6 апрел ба нашр хоҳад расид.

*-тағйирот нисбат ба моҳи гузашта

Назари худро бинависед

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *