Тими миллии Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳо бо мунтахаби миллии Урдун шурӯъ намуд – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳо бо мунтахаби миллии Урдун шурӯъ намуд

Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббии Усмон Тошев барои бори аввал дар соли нав ҷамъ шуда, омодагиро ба бозиҳои дӯстона бо тими миллии Урдун шурӯъ намуд. Бозиҳои дӯстонаи миллипӯшони Тоҷикистон ва Урдун дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор мешавад.

Барои омодагӣ ба ин бозиҳои санҷишӣ роҳбари дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон, мутахассиси узбекистонӣ Усмон Тошев 23 бозигар, аз ҷумла 3 дарвозабон, 9 муҳофизатгар, 7 ниммуҳофизатгар ва 4 ҳамлагарро даъват намудаст.

Рӯзи шанбеи 30 январ, субҳи барвақт дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ба Дубай парвоз мекунад. Бозиҳои дӯстона бо мунтахаби Урдун рӯзҳои 1 ва 5 феврал дар варзишгоҳи Ассотсиатсияи футболи ИМА доир хоҳанд шуд. Оғози бозиҳо соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ баробар ба соати 19:00 ба вақти Душанбе.

 

Ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо Урдун:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»);

Муҳофизон: Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Зоир Ҷӯрабоев, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир, Ваҳдат Ханонов (ҳама аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Помир»), Наимҷон Иброҳимзода («Хуҷанд»), Алиҷон Кароматуллозода (КМВА);

Ниммуҳофизон: Эҳсони Паншанбе («Навбаҳор», Узбекистан), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳама аз «Истиқлол»), Абдулмумин Забиров («Хуҷанд»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»), Ислом Зоиров («Локомотив-Помир»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев, Тоҳир Малодӯстов (ҳарду аз «Хуҷанд»).

Сармураббӣ – Усмон Тошев (Узбекистон).

 

Бозиҳои дӯстона

1 феврал (душанбе)

Оғози бозӣ соати 19:00  

Урдун – ТОҶИКИСТОН

Дубай, варзишгоҳи Ассотсиатсияи футболи ИМА

 

5 феврал (ҷумъа)

Оғози бозиҳо соати 19:00

Урдун – ТОҶИКИСТОН

Дубай, варзишгоҳи Ассотсиатсияи футболи ИМА

Назари худро бинависед