Ташаккури зиёд мухлисони азиз! Мо барои дастгирятон аз шумо сипосгузорем! – Федерация Футбола Таджикистана

Ташаккури зиёд мухлисони азиз! Мо барои дастгирятон аз шумо сипосгузорем!

Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҳамаи мухлисоне, ки дар бозии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Муғулистон ба Варзишгоҳи марказии Душанбе омада, мунтахаби миллии кишварро дастгирӣ намуданд, изҳори сипосу миннатдорӣ мекунад.

Дастгирӣ ва садои қарсаку шавқуни шумо ба бозигарони тими миллӣ дар ин бозӣ нерӯи тоза бахшид. Шумо сидқан ва муттаҳидона мухлисӣ кардед! Бозигарони дастаи мо инро эҳсос карданд ва тамоми қувваташонро ба бозӣ равона намуданд. Дирӯз мо дар ҳақиқат муттаҳиду ягона шудем: то бозӣ, дар вақти бозӣ ва баъд аз бозӣ. Ин муттаҳидию ягонагии мо ҳамешагӣ идома хоҳад ёфт.

Федератсияи футболи Тоҷикистон инчунин ба ҳамаи хадамотҳое, ки дар баргузории бозӣ масъулият дошта, онро дар сатҳи баланд хизматрасонӣ намуданд, миннатдории вежаи худро баён месозад!

Назари худро бинависед