Табрези Давлатмир собиқаи бозигарияшро дар бошгоҳи футболи «Нарва-Транс»-и Эстония идома медиҳад – Федерация Футбола Таджикистана

Табрези Давлатмир собиқаи бозигарияшро дар бошгоҳи футболи «Нарва-Транс»-и Эстония идома медиҳад

Муҳофизатгари мунтахаби миллии Тоҷикистон ва “Истиқлол”-и Душанбе Табрези Давлатмир собиқаи бозигарияшро дар премиум-лигаи кишвари Эстония идома хоҳад дод.

Футболбози 22-солаи тоҷик бо бошгоҳи футболи “Нарва-Транс”-и Эстония шартнома ба имзо расонд. Дар дастаи нави худ Табрез таҳти шумораи 3 баромад мекунад.

«Гузаштан ба ҳайати бошгоҳи футболи «Нарва-Транс» барои ман даъвати нав дар собиқаи бозигарӣ мебошад. Мехоҳам ҳар чи зудтар бо дастаи худ шинос шуда, тамринҳоро шурӯъ намоям. Бо истифода аз фурсати муносиб ба “Истиқлол”, ки дар ҳайати он чанд мавсим бозӣ кардам, изҳори сипосгузорӣ намоям. Ба бошгоҳи футболи душанбегӣ дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонии КФО-2021 барору комёбӣ таманно дорам”, – гуфт Табрези Давлатмир.

Ёдрас мешавем, ки мавсими нав дар премиум-лигаи Эстония бо иштироки даҳ даста рӯзи 5-уми март оғоз мешавад.

Назари худро бинависед