Суперҷоми Тоҷикистонро «Ҳосилот» ба Фархор бурд – Федерация Футбола Таджикистана

Суперҷоми Тоҷикистонро «Ҳосилот» ба Фархор бурд

Дастаи «Ҳосилот»-и Фархор 4 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дар ҳузури 14 ҳазор тамошобин ғайричашмдошти мутахассисони соҳаи варзиши кишвар чемпиони Тоҷикистон- «Истиқлол»-и Душанберо бо ҳисоби 2:1 мағлуб карда, бори аввал дар таърих соҳиби Суперҷоми мамлакат гардид ва онро ба Фархор бурд.

Шиддати бозӣ он қадар баланд буд, ки мухлисонро аз оғоз то ба анҷом бетараф нагузошт. Дар як маврид дар дақиқаи 9-уми бозӣ, ҳамлагари ганагии «Ҳосилот»  Агблей Ҷонс бо дарвозабони «Истиқлол» Никола Стошич як ба як баромад ва дарвозабон бо душворӣ тӯбро ба ҷониби Хайрулло Азизов баргардонд. Зарбаи такрории Хайрулло Азизов ба дарвозаи холии «Истиқлол» ворид шуд. Голи дувумро Агблей Ҷонс дар дақиқаи 30-юм муаллифӣ кард. Ин легионери ганагии дастаи «Ҳосилот» дар мавсими нави футбол бисёр аз дарвозабонҳоро ба ташвиш хоҳад гузошт. Нимаи аввал бо ҳисоби 2:0 ба нафъи “Ҳосилот” ҷамъбаст шуд.

«Истиқлол» баъди ба майдон омадани бозингарон Ҷаҳонгир Алиев, Ромиш Ҷалилов ва Манучеҳр Ҷалилов бозии худро тағйир дод, аммо танҳо як голи задаи  Дмитрий Барков, легионери руси дастаи «Истиқлол», дар дақиқаи 89-ум ба баробар кардани натиҷа кӯмак накард.

«Ҳосилот»-и Фархор дар аввалин ширкаташ барои Суперҷом муваффақ шуд, ки ба комёбӣ ноил гардад ва дар саҳфаи таърихи даста сатҳои заринеро бо номи «Суперҷоми Тоҷикистон -2017» сабт кунад.

 

Суперҷоми Тоҷикистон-2017

«Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:2

Муаллифи голҳо: Хайрулло Азизов, 8 (0:1). Агблей Ҷонс, 29 (0:2). Дмитрий Барков, 87 (1:2).

«Истиқлол»: Никола Стошич, Артём Барановский, Дэвид Мавутор, Соҳиб Саванкулов (Ромиш Ҷалилов, 35), Аҳтам Назаров, Ҷаҳонгир Эргашев (Ҷаҳонгир Алиев, 35), Фатҳулло Фатҳуллоев, Амирбек Ҷӯрабоев,  Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, (Манучеҳр Ҷалилов, 35) Дмитрий Барков.

«Ҳосилот»: Рустам Ризоев, Ойбек Абдуғаффоров, Мӯсо Содиқ, Сафаралӣ Каримов, Ҳасан Рустамов, Иброҳим Рабимов, Хайрулло Азизов (Наврӯз Рустамов, 83), Абдурасул Раҳмонов, Муҳаммадҷони Ҳасан, Шодибек Ғаффоров (Гершон Акуффо, 13),  Агблей Ҷонс.

Огоҳӣ: Мӯсо Содиқ, Гершон Акуффо, Ойбек Абдуғаффоров,  Ҳасан Рустамов («Ҳосилот»), Артём Барановский («Истиқлол»).

Бозингари беҳтарин: Агблей Ҷонс («Ҳосилот»)

Довари майдон: Хуршед Дадабоев (Хуҷанд) – 8.

Нозири доварон: Муҳаммадҷон Қурбонов (Хуҷанд).

Комиссари бозӣ: Комрон Шодиев (Душанбе).

4 март. Варзишгоҳи шаҳри Ҳисор. 14 000 тамошобин 

Добавить комментарий