«Сипар» – ғолиби Суперҷоми футзали Тоҷикистон-2020 шуд! – Федерация Футбола Таджикистана

«Сипар» – ғолиби Суперҷоми футзали Тоҷикистон-2020 шуд!

Дастаи футзали «Сипар»-и Хуҷанд дар бозӣ барои Суперҷоми футзали Тоҷикистон-2020  «Соро компания»-и Душанберо бо ҳисоби 4 бар 2 мағлуб сохта, барандаи Суперҷоми имсолаи футзал гашт. Қаҳрамони вохӯрӣ бозигари «Сипар» Собирҷон Гуляков шуд. Ӯ се голро дар ин бозӣ ба дарвозаи дастаи футзали «Соро компания»-и Душанбе зада, хет-трик кард.

 

Суперҷоми футзали Тоҷикистон-2020

«Соро компания» (Душанбе) – «Сипар» (Хуҷанд) – 2:4

ГолҳоМуҳаммад Шарипов, Некрӯз Алимаҳмадов – Собирҷон Гуляков (3), Дилшод Саломов.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣСобирҷон Гуляков («Сипар»).

Назари худро бинависед