Рустам Хоҷаев – сармураббии нави «Хуҷанд» – Федерация Футбола Таджикистана

Рустам Хоҷаев – сармураббии нави «Хуҷанд»

Ниммуҳофизи дар гузашта маъруфи тими миллии Тоҷикистон Рустам Хоҷаев сармураббии нави клуби футболи «Хуҷанд» таъин шуд.

Рустам Хоҷаев дар ин вазифа Ҳамид Каримовро, ки ҳамагӣ  дар «Хуҷанд» ним сол фаъолият дошт иваз намуд. Имрӯз Рустам Хоҷаев ба таври расмӣ дар дастаи «Хуҷанд» муаррифӣ шуд.

Ёдрас мешавем, ки мутахассиси 44 солаи тоҷик таҷрибаи сармураббигии «Хайр»-и Ваҳдат, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Барқчӣ»-и Душанберо дошта, айни замон дар сидоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон вазифаи ёварии сармурабӣ Ҳаким Фузайловро низ иҷро мекунад.

Рустам Хоҷаев аз рӯи ҷамъбасти натоиҷи мавсими футболи соли 2013 беҳтарин мураббии чемпионати Тоҷикистон эътироф шудааст. Дар ин сол «Хайр»-и Ваҳат бо роҳбарии ӯ медалҳои биринҷии чемпионати мамлакатро соҳиб шуда, инчунин Ҷоми ФФТ-ро низ ба даст оварда буд.

Рустам Хоҷаев муҷаввизи мураббигарии дараҷаи «А»-и Конфедератсияи футболи Осиёро дошта, инчунин дар чемпионатҳои Қазоқистон ва Беларус ба ҳайси бозингар баромад кардст. Давоми баромадаш дар тими миллии Тоҷикистон Рустам Хоҷаев чор гол задаст.

Добавить комментарий