«Рамис-Испечак» пешакӣ ғолиби мусобиқа байни собиқадорони футболи Тоҷикистон шуд – Федерация Футбола Таджикистана

«Рамис-Испечак» пешакӣ ғолиби мусобиқа байни собиқадорони футболи Тоҷикистон шуд

Дастаи футболи собиқадорони «Рамис-Испечак», дар шаш бозии баргузоршуда ғолиб омада, пешакӣ ғолиби мусобиқа байни дастаҳои собиқадорони футболи Тоҷикистон шуд.

Дар даври гузаштаи мусобиқа собиқадорони «Рамис-Испечак» дар майдони худ бар “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 6:5 дастболо шуданд.  «Хатлон»-и Бохтар бар «Давлат-Содиқ»-и Восеъ бо ҳисоби 5:3 ва «Равшан»-и Кӯлоб бар «Собикадорон»-и пойтахт бо ҳисоби 3:0 зафар ёфтанд. Дастаи собиқадорони «Фирдавс-40» низ дар ин давр бар «Шери Восе»-и Восъ бо ҳисоби 4:2 пирӯз гашт.

Ёдрас мешавем, ки вобаста ба хуруҷи пандемияи COVID-19 имсол мусобиқа байни собиқадорони футбол дар як қисм баргузор шуд.

 

Чемпионат Тоҷикистон байни дастаҳои собиқадорони футбол.

Даври 8-ум

«Собиқадорон» – «Равшан» – 0:3

«Хатлон» – «Давлат-Содиқ» – 5:3

«Рамис-Испечак» – «Хайр» – 6:5

«Фирдавс-40» – «Шери Восеъ» – 4:2

 

    Б Ғ М Б Т И
1 «Рамис-Испечак» (Душанбе) 7 7 0 0 37-15 21
2 «Хатлон» (Бохтар) 7 5 1 1 34-17 16
3 «Равшан» (Кӯлоб) 6 4 1 1 17-13 13
4 «Фирдавс-40» (Душанбе) 7 3 2 2 19-12 11
5 «Давлат-Содиқ» (Восеъ) 6 2 2 2 10-11 8
6 «Ҳосилот» (Фархор) 7 2 1 4 11-20 7
7 «Шери Восеъ» (Восеъ) 8 1 2 5 14-25 5
8 «Хайр» (Ваҳдат) 7 1 1 5 16-26 4
9 «Собиқадорон» (Душанбе) 7 1 0 6 7-26 3

 

НишонзанҳоБаҳрулло Давлатов («Рамис-Испечак») – 9 гол, Шуҷоат Неъматов («Рамис-Ипечак»), Аъзам Абдуҷабборов («Хайр») – 6 голӣ.

Назари худро бинависед