Рӯзи ҷаҳонии хабарнигорони соҳаи варзиш муборак! – Федерация Футбола Таджикистана

Рӯзи ҷаҳонии хабарнигорони соҳаи варзиш муборак!

Имрӯз, 2 июл, Рӯзи ҷаҳонии хабарнигорони варзишӣ таҷлил карда мешавад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон дӯстони худ, намояндагони васоити ахбори оммаро, ки ба журналистикаи варзишӣ алоқамандӣ доранд, бо ин санаи муҳим табрик менамояд! Мо ба шумо дар корҳои эҷодиятон муваффақият мехоҳем ва боварӣ дорем, ки ҳамкориҳои судманди дуҷонибаи мо дар оянда ҳам тақвият меёбанд. Ҷашни касбӣ муборак!