Парвизҷон Умарбоев боз бо «Локомотив» ғолиби Ҷоми Булғористон шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Парвизҷон Умарбоев боз бо «Локомотив» ғолиби Ҷоми Булғористон шуд

Ниммуҳофзи тими миллии Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев, ки дар ҳайати “Локомотив” (Пловдив) бозӣ мекунад, имсол низ ба гирифтани Ҷоми Булғористон шарафёб шуд.

Дар бозии финалӣ “Локомотив” (Пловдив) бар КМВА (София) пирӯзӣ ёфт.

Вақти асосӣ ва ду қисми иловагӣ ҳам ғолибро муайян накарданд. Дар задани силсилазарбаҳои пеналтӣ бошад, кори дастаи футболбози тоҷик омад кард ва дастаи “Локомотив” бо ҳисоби 5 бар 3 ғолиб шуд. Умарбоев дар ин бозӣ дар ҳайати авалия ба майдон баромада, дар дақиқаи 109-ум иваз карда шуд.

Ҷоми Булғористонро соҳиб шуда, дастаи “Локомотив” ҳуқуқ пайдо кард, ки дар марҳилаи пешакии Лигаи Аврупо-2020/2021 баромад кунад.

Ниммуҳофзи мунтахаби миллии Тоҷикистон Парвиз Умарбоев аз соли 2016 дар ҳайати “Локомотив” бозӣ мекунад. Давоми чор сол Умарбоев дар бештар аз 100 вохӯрии даста иштирок намудаст.

Назари худро бинависед