«Ҳосилот» бо мунтахаби легионерҳои Тоҷикистон бозии санҷишӣ гузаронд – Федерация Футбола Таджикистана

«Ҳосилот» бо мунтахаби легионерҳои Тоҷикистон бозии санҷишӣ гузаронд

Дар доираи омодагӣ ба бозиҳои плей-оффи Ҷоми КФО-2017 витсе-чемпиони Тоҷикистон «Ҳосилот»-и Фархор бо мунтахаби легионерҳое, ки дар клубҳои футболи Тоҷикистон баромад мекунанд, бозии санҷишӣ гузаронд.

Бозӣ рӯзи душанбеи 9-уми январ дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гардид. Дар ин бозӣ дар ҳайати дастаи легионерҳо чанд нафар бозигари дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки имсол ҷоизадори медалҳои биринҷии Лигаи якуми Тоҷикистон шуд, баромад карданд. Мувофиқи маслиҳати пешакӣ ин вохӯрӣ ба таври ду қисми иборат аз 40 дақиқагӣ сурат гирифт.

Бозӣ бо бартарии пурраи дастаи «Ҳосилот» ҷараён гирифта, бо ҳисоби 4 бар 1 ба фоидаи онҳ анҷом ёфт. Голҳои фархориҳоро легионери узбек Сайриддин Ғаффоро, легионерҳи ганагӣ Акуффо Гершон ва Агблей Ҷонес, инчунин Наврӯз Рустамов, ки дар қисми дуюм вориди майдон шуд ба ҳадаф расонданд.

Барои командаи Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ин сеюмин бозии санҷишӣ дар мавсими имсола мебошад. Қаблан дастаи ноҳяи Фархор бо  КМВА «Помир» (2:0) ва «Истиқлол» (2:2) бозиҳои санҷишии худро доир намуда буд.

Ёдрас мешавем, ки дар марҳилаи пешакии Ҷоми КФО-2017 витсе-чемпиони Тоҷикистон бо чемпиони Афғонистон, клуби футболи «Шоҳини Асмоӣ» рақобат мекунад. Бозии аввал рӯзи 31 январ ва бозии ҷавобӣ рӯзи 7 феврал доир мешаванд. Ҳарду бозии ин дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир мешаванд.

 

Бозии санҷишӣ

«Ҳосилот» – Легионерҳо – 4:1

Голҳо: Сайриддин Ғаффоров, 40 (1:0). Мисиам Иносент, 43 (1:1). Акуффо Гершон, 63 (2:1). Наврӯз Рустамов, 68 (3:1). Агблей Ҷонс, 75 (4:1).

«Ҳосилот» (Фархор): Рустам Ризоев (Фатҳулло Бобоев, 46), Мусо Содиқ, Ҳасан Рустамов, Сафаралӣ Каримов, Муҳаммадҷони Ҳасан, Абдусамад Ҳоҷибоев (Хайрулло Азизов, 46), Сайриддин Ғаффоров, Аккуфо Гершон, Агблей Ҷонс, Иброҳим Рабимов, Абдурасул Раҳмонов (Наврӯз Рустамов, 46).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

9 январ. Душанбе. Майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказӣ. 200 тамошобин.  

Добавить комментарий