Ҷоми КФО-2020: бозии «Истиқлол» – «Хуҷанд» бе тамошобин мегузарад – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми КФО-2020: бозии «Истиқлол» – «Хуҷанд» бе тамошобин мегузарад

Бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 дар гурӯҳи «D» байни ду дастаи Тоҷикистон – «Истиқлол» ва «Хуҷанд» бе иштироки тамошобин мегузарад.

Ба хотири беҳдошти саломатии мардум, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории як қатор чорабиниҳои дастаҷамъонаро дар ҳудуди мамлакат манъ кард. Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳам ин иқдомро ҷонибдорӣ намуда, қарор баровард, ки бозии байналмилалӣ бо иштироки ду дастаи кишварро бе иштироки мухлисон баргузор намояд.

Ҳаводорони футбол ин бозиро ба таври зинда тавассути шабакаҳои варзишии мамлакат – «Варзиш» ва «Футбол» тамошо карда метавонанд.

Ёдрас мешавем, ки бозӣ рӯзи 11-март, соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир мешавад.

Назари худро бинависед