Ҷоми КФО-2017: оғози фурӯши билетҳо ба бозии «Истиқлол» ва «Дордой» – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми КФО-2017: оғози фурӯши билетҳо ба бозии «Истиқлол» ва «Дордой»

Фурӯши билетҳо ба бозии аввалини гурӯҳи «D»-и Ҷоми Конфедератсияифутболи  Осиё (КФО) бо  ширкати дастаҳои «Истиқлол» ва «Дордой»-и Қирғизистон, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, 14-уми март, соати 18:30 оғоз мегадад, шурӯъ шуд.

Билетҳо дар хазинаи Варзишгоҳи марказӣ ва мағозаи «Joma» фурухта мешаванд.  Арзиши билетҳо ба нишастгоҳи марказӣ – 20 сомонӣ, минтақаи сабз – 50 сомонӣ ва нишастгоҳҳои боқимонада – 10 сомонӣ муқаррар шудааст.

Баъд аз анҷоми вохӯрӣ бозии лотерея (аз рӯи билетҳо) гузаронида мешавад ва ғолибон сазовори телефони мобилии пешқадамтарин, ноутбук ва планшет мегарданд.

Ёдрас мешавем, ки бозӣ 14-уми март, соати 18:30 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо мегардад.

Барои маълумоти бештар ба телефони 989-08-63-63 занг занед.

Добавить комментарий