Навҷавонони «Душанбе-2» – ғолиби мусобиқаи «Гузариш» бахшида ба гиромидошти Ислом Маҳмадшоев – Федерация Футбола Таджикистана

Навҷавонони «Душанбе-2» – ғолиби мусобиқаи «Гузариш» бахшида ба гиромидошти Ислом Маҳмадшоев

Дастаи «Душанбе-2» бо роҳбарии мураббӣ Рустам Қурбонов ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявии “Гузариш” байни навҷавонони то 18 сола бахшида ба гиромидошти собиқ котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Ислом Маҳмадшоев шуд.

Дар мусобиқа, ки дар майдони захираи Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, ҳафт даста – “Душанбе-1”, “Суғд”, “Хатлон-1”, “Орзу-2026”, “Хатлон-2”, “Душанбе-2” ва ШНТҶ иштирок намуданд. Дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Мусобиқа аз рӯи ситемаи даврӣ дар як қисм баргузор шуда, аз ҳар гурӯҳ ду дастаи ҷои аввал ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёфтанд.

Дар бозиҳои 1/2 финалӣ дастаи «Орзу-2026»-и Академияи футболи ФФТ дар муборизаи шадид бар тими миллии Шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ (ШНТҶ) бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуд. Дар бозии дигари ин марҳила наҷавонони «Душанбе-2» аз «Душанбе-1» пурқувваттар буданд – 3:0.

Бозиҳои ниҳоии мусобиқа рӯзи 19-уми декабр баргузор шуданд. Дар вохӯрӣ барои гирифтани ҷои сеюм дастаи “Душанбе-1” бар дастаи ШНТҶ бо ҳисоби 5:2 ғалаба кард. Дар бозии ҳалкунанда ва ниҳоӣ дастаи “Душанбе-2” дар муборизаи шадид  бар “Орзу-2026” бо ҳисоби 2:0 дастболо шуд. Голҳои Фатҳулло Олимзода ва Шерафган Саидов (аз пеналти) ба дастаи Рустам Қурбонов пирӯзӣ оварданд.

Дар маросими ҷамъбасти мусобиқаи «Гузариш», бахшида ба хотираи Ислом Маҳмадшоев, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, котиби генералии ФФТ Давлатманд Исломов, директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков ва намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тотористон Абдулло Маҳмадализода иштирок намуда, ҷоизаҳоро ба соҳибонашон тақдим карданд.

Назари худро бинависед