Натиҷаи ҷаласаи Кумитаи назоратӣ ва интизомии ФФТ – Федерация Футбола Таджикистана

Натиҷаи ҷаласаи Кумитаи назоратӣ ва интизомии ФФТ

Имрӯз, 11 май дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати Тоҳир Нурзода ҷаласаи Кумитаи назоратӣ ва интизомӣ баргузор гардид, ки дар он қарорҳои зерин қабул шуданд:

– Барои вайрон кардани моддаи 6, банди 4-и Кодекси интизомии ФФТ, ки дар танқиди доварон дар ВАО ифода ёфтааст, дар сурати норозигии худро нисбати доварӣ дар протокол қайд накардан, пас аз анҷоми бозии лигаи олӣ байни дастаҳои «Равшан» (Кӯлоб) – «Равшан» (Зафаробод), мураббии дастаи «Равшан» (Кӯлоб) Қаноат Латипов ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима карда шуд. 

– Барои вайрон кардани моддаи 8, банди 1-и Кодекси интизомии ФФТ, ки дар машғул шудан дар бозиҳои шартбандӣ ва расонидани таъсири ғайриқонунӣ ё номатлуб ба ҷараён ва ё натиҷаи бозӣ бо мақсади ба даст овардани бартарӣ ва фоида барои худ ва ё шахси сеюм ифода ёфтааст, собиқ бозигари тими «Равшан»-и Кӯлоб, ҳоло ҳимоятгари «Ҳосилот»-и Фархор Саидамири Саидаҳмад аз ҳаққи ширкат дар 10 бозӣ маҳрум карда шуд. 

– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 19-и Кодекси интизомии ФФТ, ки дар гуфтани сухани қабеҳ нисбат ба масъулини бозӣ ифода ёфтааст, дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи аввал миёни тимҳои «Ҳосилот» – «Саройкамар» (7 май), бозигари тими «Саройкамар» Ҷонибек Ғаффоров аз ҳуқуқи ширкат дар 2 бозӣ маҳрум ва дар ҳаҷми 250 сомонӣ ҷарима баста шуд. 

– Барои вайрон кардани моддаи 5, банди 6-и Кодекси интизомии ФФТ, ки дар даст кашидан аз идомаи бозӣ (камтар аз ҳафт бозигар дар ҳайат) ифода ёфтааст, дар вохӯрии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум миёни бошгоҳҳои «Ҳулбук» – «Душанбе» (7 май), ба дастаи «Душанбе» бо ҳисоби 0:3 бохти техникӣ дода шуд.

Назари худро бинависед