Мусобиқаи футзал бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Федерация Футбола Таджикистана

Мусобиқаи футзал бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Қасри варзиши шаҳри Душанбе шурӯъ аз санаи 30-юми январ, бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи шаҳрӣ оид ба футзал байни дастаҳои футболи Бонкҳо ва Ташкилотҳои Амонатии Қарзии Хурд (ТАҚХ) баргузор мешавад.

Мусобиқа аз 30 январ то 27 феврал идома намуда, дар он ҳашт даста – «Спитамен Бонк», «ФИНКА», «Арванд», «Коммертсбонки Тоҷикистон», «Бонки миллии Тоҷикистон», «Амонатбонк», «Ҳумо» ва «Аввалин Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон» (АБМХ).

Дар марҳилаи якум дастаҳо аз рӯи низоми даврӣ дар як қисм бозӣ мекунанд. Ин ба он маъност, ки ҳар даста ҳафт бозӣ гузаронида, бо ҳамдигараӣ вомехӯранд ва сипас чор дастаи пешсафи ҷадвали мусобиқа ба бозиҳои ниманиҳоӣ роҳ меёбанд.

 

Мусобиқаи байнибонкҳо оид ба футзал бахшида ба 30 солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Даври 1-ум

30 январ (шанбе)

12:00 – «Спитамен Бонк» – «Ҳумо»

13:00 – «ФИНКА» – АБМХ

14:00 – «Арванд» – «Амонатбонки Тоҷикистон»

15:00 – «Коммертсбонки Тоҷикистон» – «Бонки миллии Тоҷикистон»

 

Даври 2-юм

31 январ (якшанбе)

12:00 – «Ҳумо» – «Бонки миллии Тоҷикистон»

13:00 – «Амонатбонки Тоҷикистон» – «Коммертсбонки Тоҷикистон»

14:00 – АБМХ – «Арванд»

15:00 – «Спитамен Бонк» – «ФИНКА»

Назари худро бинависед