Мусобиқаҳои байналмилалие, ки дар соли 2021 бояд дастаҳои футболи Тоҷикистон дар онҳо ширкат намоянд – Федерация Футбола Таджикистана

Мусобиқаҳои байналмилалие, ки дар соли 2021 бояд дастаҳои футболи Тоҷикистон дар онҳо ширкат намоянд

Конфедератсияи футболи Осиё тақвими мусобиқаҳоро барои соли 2021 тасдиқ кард. Имсол, бинобар пандемияи COVID-19, мусобиқаҳои қаҳрамонии Осиё байни наврасони то 16 сола (U-16) ва ҷавонони то 19 сола (U-19), инчунин қаҳрамонии Осиё оид ба футзал, ки бояд дар он дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ширкат мекарданд, лағв карда шуданд. Сарфи назар аз лағви як қатор мусобиқаҳои бузург, соли 2021, тибқи тақвими КФО баргузории мусобиқаҳо ҳам дар байни клубҳо ва ҳам дар байни дастаҳои гуногуни миллӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар онҳо бояд дастаҳои Тоҷикистон низ ширкат варзанд.

 

БОЗИҲОИ ТИМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ҶОМИ ҶАҲОН-2022

Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар даври дуввуми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” баргузории се бозӣ боқӣ мондааст. 25 март дастаи мо дар Душанбе тими миллии Муғулистонро қабул мекунад. Сипас, дар моҳи июн дастаи Усмон Тошев бо тимҳои миллии Ҷопон (7 июн, дар меҳмонӣ) ва Мянмор (15 июн, дар хона) вохӯрӣ анҷом медиҳад.

Дар айни замон, мунтахаби миллии Тоҷикистон, аз панҷ бозии гузаронидашуда 7 имтиёз ба даст оварда, дар гурӯҳи худ дар ҷои сеюм қарор дорад.

Пас аз анҷоми марҳилаи  дуюми интихобӣ, ҳашт мунтахаби миллии ғолиби гурӯҳҳо ва чор дастаи беҳтарини мақоми дуюми гурӯҳҳо ба марҳилаи сеюми интихобии Ҷоми Ҷаҳонии 2022 роҳ меёбанд ва ҳамзамон соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё-2023 мегарданд.

Дар марҳилаи сеюми интихобии Ҷоми Ҷаҳонии 2022, ки 2 сентябри соли 2021 оғоз ёфта, 29 марти соли 2022 ба анҷом мерасад, 12 даста ба ду гурӯҳ тақсим карда мешаванд. Аз рӯи натиҷаҳои он, аз ҳар гурӯҳ  ду дастаи беҳтарин ба қисми ниҳоии Ҷоми Ҷаҳонии 2022, ки дар Қатар баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

24 дастае, ки ба марҳилаи сеюми интихобии Ҷоми Ҷаҳонии 2022 роҳ наёфтаанд, пас барои роҳхатҳои боқимонда ба Ҷоми Осиё-2023 мубориза мебаранд.

Тибқи нақшаҳои КФО, марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 моҳи марти соли 2022 оғоз хоҳад ёфт. Ёдрас мешавем, ки дар 18-умин Ҷоми Осиё, ки аз 9 июн то 9 июли соли 2023 дар Чин баргузор мешавад, 24 дастаи мунтахаби миллӣ ширкат меварзанд.

 

МУНТАХАБИ МИЛЛИИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН (U-23) ДАР МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ҶОМИ ОСИЁ-2022 ШИРКАТ МЕКУНАД

Аз 23 то 31 октябри соли равон мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои ҷавонони то 23-сола баргузор мешавад, ки дар он дастаи мунтахаби ҷавонони то 23 солаи Тоҷикистон низ ширкат меварзад.

Ба мусобиқаи мазкур дастаи мунтахаби ҷавонони моро сармураббӣ Мубин Эргашев омода мекунад (бозигарони соли таваллудашон 1999 ва хурдтар). Рақибони дастаи мунтахаби ҷавонони то 23 солаи  Тоҷикистон (U-23) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 баъдтар муайян хоҳанд шуд.

Марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 23-сола, аз 1 то 19 июни соли 2022 баргузор мешавад. Ҷойи баргузории мусобиқа ҳанӯз муайян карда нашудааст. Қаблан, Ассотсиатсияи футболи Чин аз ҳаққи баргузории қаҳрамонии Осиё U-23 дар соли 2022 даст кашид ва инро бо мушкилоти ташкили Олимпиадаи зимистонаи Пекин шарҳ дод.

Конфедератсияи футболи Осиё аз кишварҳои Осиёи Ғарбӣ (аз ҷумла Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ) даъват кардаст, ки масъалаи баргузории қаҳрамонии қитъавӣ байни мунтахабҳои ҷавонони то 23 сола (U-23) дар солҳои 2022 ва 2024-ро баррасӣ кунанд.

 

ТОҶИКИСТОН МИЗБОНИ МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ МУСОБИҚАҲОИ ҚАҲРАМОНИИ ОСИЁ БАЙНИ ДАСТАҲОИ ФУТБОЛИ БОНУВОН МЕШАВАД

Имсол Тоҷикистон мизбони мусобиқаҳои интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни духтарони то 17 ва 20-сола хоҳад буд. Агар пандемияи COVID-19 халал нарасонад, даври аввали Ҷоми Осиё-2022 байни духтарони то 17-сола аз 18 то 26 сентябр ва даври аввали марҳилаи интихобии тимҳои занонаи то 20 сола аз 14 то 22 август баргузор мешаванд. Қаблан Конфедератсияи футболи Осиё Тоҷикистонро макони баргузории яке аз гурӯҳҳои мусобиқаҳои интихобӣ байни духтарони то 17 ва 20-сола тасдиқ карда буд.

Тибқи тақвими КФО, аз 14 то 25 сентябри соли равон марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои мунтахаби занона ба нақша гирифта шудааст, ки дар он дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон низ ширкат меварзад.

Ғайр аз ин, имсол Конфедератсияи футболи Осиё ба нақша гирифтааст, ки аввалин мусобиқаи озмоишии бошгоҳии қаҳрамонии занонаи Осиёро баргузор кунад. Баргузории ин мусобиқа рӯзҳои 1-6 ноябр пешбинӣ шудааст. Дар мусобиқаи нахустини озмоишии КФО кадом дастаҳо ширкат хоҳанд кард, ҳанӯз муайян нашудааст.

 

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ҶОМИ ОСИЁ-2022 ОИД БА ФУТЗАЛ МОҲИ ОКТЯБР БАРГУЗОР МЕШАВАД

 Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал, ки дар он дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон иштирок мекунад, аз 13 то 24 октябри соли равон баргузор мешавад.

Қисми ниҳоии қаҳрамонии 16-уми футзали Осиё соли оянда дар Кувайт баргузор мегардад. Ёдовар мешавем, ки қаҳрамонии футзали Осиё, ки мебоист имсол баргузор мешуд, бинобар пандемияи COVID-19 лағв шуд.

11-умин мусобиқаи қаҳрамонии футзали Осиё дар соли ҷорӣ аз 14 то 25 июл дар АМА баргузор мешавад. Аз соли 2017 то 2019, Тоҷикистонро дар қаҳрамонии футзали Осиё дастаҳои футзали “ДИСИ Инвест”-и Душанбе (2017), “Сипар”-и Хуҷанд (2018) ва “Соро компания”-и пойтахт (2019) намояндагӣ карданд. Бо сабаби пандемияи ҷаҳонии COVID-19, қаҳрамонии бошгоҳии футзали Осиё -2020 баргузор нашуд. Ғолиби феълии лигаи касбии футзали Тоҷикистон “Сипар”-и Хуҷанд мебошад.

 

ИШТИРОКИ ДАСТАҲОИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО ВА ҶОМИ КФО-2021

Се даста – “Истиқлол”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд имсол футболи моро дар мусобиқаҳои бошгоҳии осиёӣ намояндагӣ мекунанд. Қаҳрамони феълии Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе барои бори аввал дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё ширкат менамояд. Ин мусобиқа ба таври мутамарказонидашуда аз 14 то 30 апрел баргузор мешавад.

Барандаи Ҷоми кишвар “Равшан” ва дорандаи медали нуқраи қаҳрамонии имсолаи мамлакат “Хуҷанд” бозии худро дар Ҷоми КФО-2021 аз марҳилаи гурӯҳӣ, ки аз 14 то 20 май баргузор мешавад, оғоз мекунанд. Дар минтақаи марказии дуввумин мусобиқаи муҳимтарини бошгоҳии Осиё ҳафт даста ширкат меварзанд, ки ба ду гурӯҳ тақсим карда мешаванд. Тибқи муқаррароти Ҷоми КФО, ду намояндаи як кишвар наметавонанд дар як гурӯҳ бошанд. Ғолибони гурӯҳ дар финали минтақавӣ бозӣ мекунанд.

Рақибони дастаҳои футболи Тоҷикистон дар Лигаи қаҳрамонҳо ва Ҷоми КФО-2021 рӯзи чоршанбеи 27 январ, вақте ки қуръакашии мусобиқаҳо баргузор мешавад, маълум хоҳанд шуд.

Назари худро бинависед