Мусобиқа байни дастаҳои футболи духтарони то 15 соли Тоҷикистон бо иштироки даҳ даста шурӯъ шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Мусобиқа байни дастаҳои футболи духтарони то 15 соли Тоҷикистон бо иштироки даҳ даста шурӯъ шуд

Рӯзҳои истироҳатии ҳафтаи гузашта мусобиқа байни дастаҳои футболи духтарони то 15 соли Тоҷикистон бо иштироки даҳ дастаи шаҳру ноҳияҳои кишвар шурӯъ шуд.

Марҳилаи аввали мусобиқа дар ду минтақа – “Шимол” ва “Ҷануб” баргузор мешавад. Марҳилаи минтақавӣ аз ду қисм иборат буда, ҳар яке аз дастаҳо бо дигараш бозӣ мекунад ва ба ин тартиб ҳар даста ҳашт бозӣ мегузаронад. Аз ҳар минтақа ду дастаи беҳтарини мақомҳои аввал ба марҳилаи ниҳоӣ, ки баргузории он аз 2 то 9 ноябр дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд нақшагузорӣ шудааст, роҳ меёбанд.  .

 

Мусобиқа байни дастаҳои футболи духтарони то 15 соли Тоҷикистон

Минтақаи «Шимол». Даври 1-ум

«Пахтакор-Ҷавонӣ» – «Конибодом» – 13:0

«Спитамен» – «Ободӣ» – 3:3

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Пахтакор-Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов) 1 1 0 0 13-0 3
2 «Ободӣ» (Шаҳристон) 1 0 1 0 3-3 1
3 «Спитамен» (Спитамен) 1 0 1 0 3-3 1
4 «Конибодом» (Конибодом) 1 0 0 1 0-13 0
5 «Навбаҳор» (Мастчоҳ) 0 0 0 0 0-0 0

 

Минтақаи «Ҷануб». Даври 1-ум

«Панҷшер» – «Зебонисо» – 1:0

«Бешкент» – «Чашма» – 6:0

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Бешкент» (Носири Хусрав) 1 1 0 0 6-0 3
2 «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) 1 1 0 0 1-0 3
3 «Зебонисо» (Душанбе) 1 0 0 1 0-1 0
4 «Чашма» (Шаҳритӯс) 1 0 0 1 0-6 0
5 «Дурахшон» (Кӯшониён) 0 0 0 0 0-0 0

 

Инчунин, рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта бозиҳои даври дуюми мусобиқа байни дастаҳои футболи духтарони то 17 соли Тоҷикистон баргузор шуданд. Мусобиқаи мазкур аз рӯи ситемаи даврӣ дар ду қисм доир мешавад ва ҳар даста 10 бозӣ мегузаронад. Мувофиқи нақшаи кории Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон ин мусобиқа рӯзи 7 ноябр ҷамъбаст хоҳад шуд.

 

Мусобиқа байни дастаҳои футболи духтарони то 17 соли Тоҷикистон. Даври 2-юм

«Ҳосилот» – «Хатлон» – 2:1

ММФЧА – «Равшан» – 11:1

«Навбаҳор» – «Зарнисор» – 8:0

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 ММФЧАуғд) 2 2 0 0 16-1 6
2 «Навбаҳор» (Мастчоҳ) 2 1 0 1 8-2 3
3 «Хатлон» (Бохтар) 2 1 0 1 3-2 3
4 «Ҳосилот» (Фархор) 2 1 0 1 2-6 3
5 «Зарнисор» (Вахш) 2 1 0 1 3-8 3
6 «Равшан» (Кӯлоб) 2 0 0 2 1-14 0

 

Нишонзанҳо: Рухшона Файзуллоева (ММФЧА) – 9 гол, Заррина Имомназарова (ММФЧА) – 5 гол, Нигина Пулотова, Саида Соатилоева (ҳарду аз «Мастчоҳ») – 3 голӣ.

Назари худро бинависед