Мурат Ҷумъакеев: «Истиқлол» аз «Дордой» беҳтар буд»

Сармураббии дастаи «Дородой» Мурат Ҷумъакеев баъди бохти дастааш аз «Истиқлол» бо натиҷаи 2:0 дар Варзишгоҳи марказии пойтахт, 14-уми март,  дар бозии нахустини Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар гурӯҳи «Д» дар нишасти матбуотӣ иштирок кард.

Сараввал Ҷумъакеев дастаи «Истиқлол»-ро бо ғалаба табрик карда, гуфт:-« Ғалабаи имрӯзаи «Истиқлол» аз рӯи бозии сазовораш аст. Даста ниҳоят хубу пурқувват мебошад. Дар нимаи аввал дастаи мо он қадар бозии хуб нишон надод. Маҳорати фардии истиқлолиҳо бештар ба мушоҳида расид ва онҳо ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо бозингарони мо ба бартарӣ соҳиб буданд. Голи аввал аз ҷониби Маутор дар ҳолате зада шуд, ки дар майдони назди дарвоза касе аз муҳофизатгарон ҳузур надошт. Ин ҳолатро мо боз меомӯзем. Голи Ҷаҳонгир Алиев ҳам, аз зери пои муҳофизатгари мо вориди дарвоза гардид.

Дар нимаи дуввум каме бозии футболбозони мо беҳтар гардид. Ин ҳам баъди ворид кардани тағирот ба ҳайати даста  ба мо муяссар шуд. Аммо шумораи 8-и «Истиқлол» (Нуриддин Давронов) дар ҳама қитъаи майдон ба мо имконият намедод, ки ҳуҷуми худро дуруст ташкил диҳем.

Мо то бозии ҷавобӣ ду ҳафта вақт дорем ва ин вохӯриро хуб омӯхта хулосаи зарурӣ хоҳем баровард. Албатта вохӯрии аввал натиҷааш ба бозиҳои оянда таъсир мегузорад, аммо дар пеш боз панҷ бозии дигар ҳаст ва ҳоло ягон даста имконияти ғолибиятро дар гурӯҳ аз даст надодааст.

Дар варзишгоҳе, ки пур аз мухлисон аст, бозӣ кардан гуворост. Мухлисон «Истиқлол»-ро арзанда дастгирӣ намуданд ва то анҷоми бозӣ ба ҳуҷум ҳидоят карданд. Бисёр олӣ буд»-ҷамъбаст кард, Ҷумъакеев.

Ёдовар мешавем, ки 14-уми март дастаи «Истиқлол» дар Варзишгоҳи марказии пойтахт дар ҳузури 16,5 ҳазор мухлис бар «Дордой» -и Қирғизистон бо натиҷаи 2:0 ғалаба кард. Голҳоро Девид Маутор (16) ва Ҷаҳонгир Алиев (22) ба нишон расониданд.

Бозии навбатиашро «Истиқлол» 4-уми апрел бо чемпиони Туркманистон-дастаи «Алтин Асир» дар Ашқобод мегузаронад.

Назари худро бинависед

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *