Мураббии дарвозабонҳои мунтахаби наврасон Мухтор Қурбонов даргузашт

muhtor

Шаби гузашта бар асари сактаи қалб, мураббии дарвозабонҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и Душанбе Мухтор Қурбонов дар синни 56 солагӣ аз олам даргузашт.

Мухтор Қурбонов фаъолияти мураббигариро дар “Истиқлол”-и Душанбе оғоз карда буд. Соли 2012 бо дастаи футболи пойтахт ғолиби Ҷоми президенти АФК шуд. Марҳум дар давоми сорлҳои фаъолияти мураббигарияш дар дастаҳои мунтахаби наврасону ҷавонони Тоҷикистон, бошгоҳи футболи “Помир”-и Душанбе низ кор карда ба дарвозабонҳои наврасу ҷавон таҷрибаи бои худро омӯзонидааст. Дар бозии ахирии дӯстонаи  мунтахаби миллии Тоҷикистон бо тими миллии Фаластин Мухтор Қурбонов ба сармураббии мунтахаби милии кишвар Ҳаким Фузайлов дар омодагии дарвозабонҳо кӯмак намуд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон аз даргузашти бемаҳали мухтор Қурбонов сахт андӯҳгин буда, ба аҳли хонадони марҳум ҳамдардӣ баён менамояд.

Назари худро бинависед

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *