Мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 иштирок мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 иштирок мекунад

Дастаи мунтахаби миллии футболи занонаи Тоҷикистон соли оянда дар марҳилаи интихоби Ҷоми Осиё-2018 иштирок мекунад. Барои мунтахаби футболи занонаи кишвар ин нахустин мусобиқаи расмии байналмилалӣ мебошад, ки аз 3 то 12 апрел доир хоҳад шуд.

Дар баробари мунтахаби миллии футболи занонаи мо, дар ин мусобиқа мунтахабҳои миллии футболи занонаи Куриёи Ҷанубӣ, Таиланд, Ветнам, Урдун, Мянма, Тайбэи Чин, Узбекистон, Филиппин, Ҳонконг, Лубнона, Баҳрайн, Эрон, Ҳиндустон, Фаластин, ҶХДК, Гуам, Ироқ, Сингапур, Сурия ва Аморати Муттаҳидаи Араб иштирок хоҳанд кард.

Мунтахаби миллии футболи занонаи Урдун ба ҳайси мизбон аллакай ҳуқуқи дар марҳилаи ниҳоиии Ҷоми Осиё-2018 иштирок карданро соҳиб шудаст. Ба ин тартиб, дастаи мазкур дар марҳилаи интихобии мусобиқа ба таври ғайриконкурсӣ иштирок мекунад.

Қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 рӯзи 20-уми январи соли оянда дар Аммани Урдун доир мешавад. Мувофиқи қуръакашӣ се квартети 5 дастагӣ ва як гурӯҳи иборат аз 6 даста созмон дода мешавад.

Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2018 ғолибони чор гурӯҳи марҳилаи интихобӣ роҳхат мегиранд. Ветнам, Фаластин ва ҶХДК мизбони марҳилаи интихобии мусобиқа мебошанд.

Дар баробари Урдун, ки ба сифати мизбон иштирокчии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2018 мебошад, се дастаи беҳтарини чемпионати Осиё-2014 – мунтахабҳои миллии футболи занонаи Ҷопон, Австралия ва Чин ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2018 роҳ ёфтанд. Марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2014 дар Ветнам доир гардида буд.

Добавить комментарий