Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23): дар Гулистон дар як рӯз ду маротиба тамринҳо ҷараён доранд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23): дар Гулистон дар як рӯз ду маротиба тамринҳо ҷараён доранд

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев омодагиро ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки ҳафтаи оянда дар Ӯзбекистон оғоз мешавад, идома медиҳад.

Ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Гулистон дар реҷаи тамринии дукарата ҷараён дорад. 25-уми май дастпарварони   Аслиддин Ҳабибуллоев бо ҳамсолонашон аз Ӯзбекистон бозии дӯстона анҷом медиҳанд. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Металлург»-и Бекобод баргузор шуда, соати 19:00 оғоз мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1 то 19 июн дар Ӯзбекистон доир мешавад, тими миллии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «D» бозӣ мекунад. Рақибони дастаи мо мунтахабҳои Арабистони Саудӣ (3 июн), АМА (6 июн) ва Ҷопон (9 июн) хоҳанд буд.

Назари худро бинависед