Мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар Туркия бозиҳои санҷишӣ мегузаронад

Дар доираи омодагӣ ба бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2018 дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев бо мунтахаби футзали Турки яду бозии санҷишӣ мегузаронад. Бозиҳо рӯзҳои 22 ва 23 феврал дар шаҳри Ялови Туркия доир хоҳанд шуд.

Омодагиро ба ин бозиҳои манҷишӣ мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон рӯзи 11 феврал дар Душанбе оғоз намуд. Ба ҷамъомади омӯзишӣ машқӣ Ҳусейн Шодиев 14 бозигарро даъват кардааст, ки аз онҳо ду нафарашон дарвозабон ва дувоздаҳ нафари боқимонда бозигарони майдони мебошанд. Баъд аз се соли танаффус Хуршед Маҳмудов, ки ба қарибӣ бо дастаи футзали «ДИСИ Инвест» шартнома ба тасвиб расонд, боз ба ҳайати мунтахаби миллии футзали кишвар даъват шуд.

Ҷамъомади омӯзишӣ машқии футзалбозони тоҷик то 20 феврал идома карда, даста рӯзи дигараш ба Ялови Туркия сафар мекунад.

Ёдрас мешавем, ки бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2018 оид ба футзал дар минтақаи марказӣ аз 13 то 22 октябр баргузор хоҳанд шуд.

 

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («ДИСИ Инвест»), Муродулло Аликулов («Газпром»);

Бозигарони майдонӣ: Хуршед Маҳмудов, Дилшод Саломов, Собирҷон Гуляков, Умед Кузиев, Раҳмоналӣ Шарипов, Меҳрубон Тиллозода (ҳама аз «ДИСИ Инвест»), Мансур Эргашев («Бонки миллӣ»), Сиёвуш Қаюмов («Соро компания»), Умед Мирзораҳимов («Сипар»), Файзалӣ Сардоров, Некрӯз Алиаҳмадов (ҳарду аз «Карон»), Муҳаммад Шарипов (бе клуб).

Назари худро бинависед

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *