Мунтахаби бонувони Узбекистон (U-20) – ғолиби чемпионати CAFA-2021 дар Душанбе – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби бонувони Узбекистон (U-20) – ғолиби чемпионати CAFA-2021 дар Душанбе

Дар Душанбе чемпионати Созмони Футболи Осиёи Марказӣ байни бонувони ҷавони то 20 сола бо ғалабаи дастаи футболи бонувони Узбекистон ба анҷом расид. Мусобиқа аз 11 то 17 июни соли ҷорӣ бо иштироки дастаҳои футболи бонувони ҷавони то 20 солаи кишварҳои Афғонистон, Узбекистон, Қирғизистон, Эрон ва Тоҷикистон баргузор гардид. Тибқи ҷадвали даврӣ Мусобиқа дар як қисм доир шуд. Аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти мусобиқа дастаҳои футболи бонувони Узбекистон ва Эрон 10 имтиёзиро соҳиб шуданд, аммо аз рӯи натиҷаи голҳои зада ва сардодашуда, ғолибият насиби дастаи футболи бонувони Узбекистон шуд. Медалҳои нуқраи мусобиқаро футболбозбонувони Эрон ва биринҷиро дастаи Афғонистон соҳиб гаштанд.

Дастаи мунтахаби бонувони ҷавони то 20 солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Илдар Рахманов дар ҳамаи бозиҳо мағлуб шуда, мақоми охиринро ишғол кард. Дастаи мунтахаби бонувони ҷавони то 20 солаи Тоҷикистон аз дастаи Эрон бо ҳисоби 3 бар 0, аз дастаҳои Афғонистон ва Қирғизистон бо ҳисоби якхелаи 1 бар 0 ва аз дастаи мунтахаби бонувони ҷавони то 20 солаи Узбекистон бо ҳисоби калони 7 бар 1 шикаст хӯрд.

Дар маросими ҷамъбаст ва супоридани ҷоизаҳо ба ғолибон Котиби генералии Созмони футболи Осиёи Марказӣ Улуғбек Каримов, Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода ва Котиби генералии ФФТ Давлатманд Исломов иштирок намуданд. Ҷоизаи “Бозии одилона” («Fair play») насиби дастаи Тоҷикистон шуд. Ба мунтахаби бонувони Афғонистон ҷоизаи махсуси Кумитаи тадорукоти мусобиқа тақдим гашт. Бозингари тими Узбекистон  Жасмина Абдуғаниева бо  7 голи задаи худ беҳтарин нишонзани мусобиқаи  CAFA-2021 дониста шуд. Ҷоизаи муфидтарин бозингари мусобиқаро ҳамлагари дастаи мунтахаби бонувони ҷавони то 20 солаи Эрон Нигин Занди Дарех Гҳарибӣ соҳиб гашт.

 

Чемпионати CAFA-2021 байни мунтахабҳои бонувони ҷавони то 20 сола (U-20)

Даври 1-ум

Эрон – ТОҶИКИСТОН3:0

Узбекистон – Афғонистон – 11:0

 

Даври 2-юм

ТОҶИКИСТОН – Афғонистон – 0:1

Узбекистон – Қирғизистон – 3:1

 

Даври 3-юм

ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон – 0:3

Афғонистон – Эрон – 0:8

 

Даври 4-ум

Қирғизистон – Афғонистон – 3:0

Узбекистон – Эрон – 2:2

 

Даври 5-ум

ТОҶИКИСТОН – Узбекистон – 1:7

Эрон – Қирғизистон – 4:1

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 Узбекистон 4 3 1 0 23-4 10
2 Эрон 4 3 1 0 17-3 10
3 Қирғизистон 4 2 0 2 8-7 6
4 Афғонистон 4 1 0 3 1-22 3
5 ТОҶИКИСТОН 4 0 0 4 1-14 0

Назари худро бинависед