«Муҳаммад-2013» – ғолиби лоиҳаи «Футбол ба назди шумо меояд» – Федерация Футбола Таджикистана

«Муҳаммад-2013» – ғолиби лоиҳаи «Футбол ба назди шумо меояд»

Дастаи футболи «Муҳаммад-2013» ғолиби барномаи нави «Футбол ба назди Шумо меояд!» шуд. Соли чорум аст, ки ин мусобиқа аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон  ташкилу баргузор гардонида мешавад.

Дар мусобиқаи имсола  155 дастаи футболи кӯчаву маҳаллаҳои пойтахт ва дар маҷмӯъ 2345 нафар наврасони аз 12-сола поён ширкат намуданд. Мусобиқа дар ду марҳила – пешакӣ ва ниҳоӣ сурат гирифта, давоми як моҳ идома ёфт. Аз рӯи ҷамъбасти марҳилаи пешакии мусобиқа 20 дастаи беҳтарин ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Бозиҳои марҳилаи ниҳоии мусобиқа хеле пуршиддату шавқовар сурат гирифта,  дастаҳои «Муҳаммад-2013» ва «Аҳрор Мухтор» ба бозии ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Бозии ниҳоии мусобиқа бошад,бо натиҷаи 3:0 ба фоидаи дастаи «Муҳаммад-2013» пойн ёфт.  Дастаи футболи «Возеҳ-40» медалҳои биринҷии лоиҳаи «Футбол ба назди шумо меояд!»-ро ишғол намуд.

Дар ҷамъбасти мусобиқа беҳтарин футболбозон муайян карда шуда, бо тӯҳфаҳои хотирвӣ қадрдонӣ шуданд.

Добавить комментарий