Мемориали Гранаткин: бохти Тоҷикистон аз Булғористон дар даври дуюм – Федерация Футбола Таджикистана

Мемориали Гранаткин: бохти Тоҷикистон аз Булғористон дар даври дуюм

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) дар мусобиқаи XXIX байналмилалӣ барои гиромидошти хотираи аввалин ноиби президенти ФИФА Валентин Гранаткин рӯзи 10 январ дар гурӯҳи «А» дар бозии дувумаш дар Санкт-Петербург аз мунтахаби Булғористон бо ҳисоби минмалии 0:1 мағлуб шуд. Голи ягонаро дар дақиқаи 43-юм Николов ба ҳадаф расонд. Қобили қайд аст, ки дар ин бозӣ дар дақиқаи 56-ум бозигари мунтахаби Булғористон Вакадинов корти сурх гирифт ва аз майдон хориҷ шуд.

Ёдрас мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур рӯзи 8 январ дар нахустин бозиаш бар мунтахаби Юнон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд. Голро Эҳсони Панҷшанбе аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ дар дақиқаи 55-ум ба ҳадаф расонд.

Дар бозии дигари даври дувуми гурӯҳи “А” 10 январ мунтахаби Юнон дастаи Эстонияро бо ҳисоби калони 4:0 шикаст дод. Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври дувум дар ин гурӯҳ мунтахаби Булғористон бо 4 имтиёз пешсаф аст. Дастаҳои Юнон ва Тоҷикистон сеимтиёзӣ доранд. Мунтахаби Эстония як имтиёз гирифтааст. Бозии мунтахаби Тоҷикистон дар даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳӣ 12-уми январ бо дастаи Эстония баргузор мешавад. Ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ дар Маҷмааи варзишию консертии шаҳри Санкт-Петербурги Русия то 21-уми январ идома хоҳад кард.

Бар асоси дастури мусобиқа, дар марҳилаи аввал 16 даста ба чор гурӯҳ тақсим шудааст. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои якум ва дувумро ишғол мекунанд, ҷуфтҳои чорякниҳоиро ташкил медиҳанд ва барои ҷойҳои аз 1-ум то 8-ум мубориза мебаранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои севум ва чорумро мегиранд, барои ҷойҳои аз 9-ум то 16-ум талош хоҳанд кард. Дар марҳилаи дувуми мусобиқа бозиҳо аз рӯи системи плей-офф то комилан тақсимшавии ҷойҳо сурат мегирад.

Дар мавриди ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтан мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо яке аз дастаҳҳои гурӯҳи «В» – Латвия, Беларус, Русия ё Ҳиндустон рӯбарӯ хоҳад шуд.

 

Мемориали Валентин Гранаткин – 2017

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

ТОҶИКИСТОН – Юнон – 1:0

Гол: Эҳсони Панҷшанбе, 55 – аз пеналти.

Тоҷикистон: Далер Азизов, Ҳувайдо Малиев, Ҳусейн Нурматов, Ваҳдат Ханонов, Далер Ёдгоров, Кароматулло Саидов (Саидмухтор Азимов, 90), Зиёвуддин Фузайлов, Умарҷон Шарипов (Манучеҳр Сафаров, 86), Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев (Шаҳром Самиев, 78), Нуриддин Ҳамроқулов.

Огоҳонида шуданд: Далер Ёдгоров, Кароматулло Саидов, Зиёвуддин Фузайлов, Ваҳдат Ханонов (Тоҷикистон).

Сардовар: Антон Баталов (Русия).

8 январ. Санкт-Петербург. Маҷмааи фарҳангиву варзишии  «Петербургский». 300 тамошобин.

 

Булғористон – Эстония – 0:0

 

Даври 2-юм

Булғористон – ТОҶИКИСТОН – 1:0

Гол: Кирилл Николов, 43.
Тоҷикистон: Далер Азизов, Ҳувайдо Малиев, Ҳусейн Нурматов (Манучеҳр Сафаров, 46), Ваҳдат Ханонов, Далер Ёдгоров, Кароматулло Саидов, Зиёвуддин Фузайлов, Умарҷон Шарипов (Саидмухтор Азимов, 85), Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев (Шаҳром Самиев, 46), Нуриддин Ҳамроқулов.

Огоҳонида шуданд: Илиан Илиев, Иля Груев, Иван Дичевски, Иван Митрев (Булғористон), Кароматулло Саидов, Ҳусейн Нурматов, Умарҷон Шарипов (Тоҷикистон).

Аз майдон хориҷ шуд: Борислав Вакадинов (Булғористон), 57 – корти 2-юми зард.

Сардовар: Дмитрий Смирнов (Русия).

10 январ. Санкт-Петербург. Маҷмааи фарҳангиву варзишии  «Петербургский». 300 тамошобин.

 

Эстония – Юнон – 0:4

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 Булғористон 2 1 1 0 1-0 4
2 ТОҶИКИСТОН 2 1 0 1 1-1 3
3 Юнон 2 1 0 1 4-1 3
4 Эстония 2 0 1 1 0-4 1

Добавить комментарий