Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсия-2021 рӯзи 11-уми феврал шурӯъ мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсия-2021 рӯзи 11-уми феврал шурӯъ мешавад

Рӯзи панҷшанбеи 11 феврал, марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2021 оғоз мегардад. Бозиҳои мусобиқа дар варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор баргузор хоҳанд шуд.

Дар арафаи оғози мусобиқа, имрӯз 8 феврал, дар маҷлисгоҳи ФФТ қуръакашӣ ва мураттабгардонии тақвими бозиҳои марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсия-2021 баргузор гашт. Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021, ки аз 11 то 20 феврал баргузор мешавад ҳафт даста иштирок мекунанд.

Гурӯҳи “А” аз дастаҳои КМВА (Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Мастчоҳ» (Мастчоҳ) ва «Истиқлол» (Душанбе) иборат аст. Гурӯҳи “Б”-и мусобиқаро бошад дастаҳои «Барқчӣ» (Ҳисор), «Хатлон» (Бохтар) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ташкил доданд.

Тибқи низомномаи Ҷоми Федератсия-2021 аз ҳар гурӯҳ ду дастаӣ ба бозиҳои ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Бозии ниҳоии Ҷоми Федератсия-2021 рӯзи 20 феврал баргузор хоҳад шуд.

Дар даври аввали бозиҳо, ки рӯзи 11-уми феврал баргузор мешаванд КМВА бо “Истиқлол”, “Равшан” бо “Мастчоҳ” ва “Барқчӣ” бо “Хатлон” вомехӯранд.

Ҷоми ФФТ-2021. Марҳилаи ниҳоӣ

Гурӯҳи «А»

КМВА (Душанбе)

«Равшан» (Кӯлоб)

«Мастчоҳ» (Мастчоҳ)

«Истиқлол» (Душанбе)

 

Гурӯҳи «Б»

«Барқчӣ» (Ҳисор)

«Хатлон» (Бохтар)

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

 

Тақвими бозиҳо

Даври 1-ум

11 феврал (панҷшанбе)

Гурӯҳи «А»

КМВА – «Истиқлол»

«Равшан» – «Мастчоҳ»

Гурӯҳи «Б»

«Барқчӣ» – «Хатлон»

 

Даври 2-юм

13 феврал (шанбе)

Гурӯҳи «А»

«Истиқлол» – «Мастчоҳ»

КМВА – «Равшан»

Гурӯҳи «Б»

«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон»

 

Даври 3-юм

15 феврал (душанбе)

Гурӯҳи «А»

«Равшан» – «Истиқлол»

«Мастчоҳ» – КМВА

Гурӯҳи «Б»

«Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ»

Назари худро бинависед