Марҳилаи интихобии ҶҶ-2018: бебарорӣ дар Урдун – Федерация Футбола Таджикистана

Марҳилаи интихобии ҶҶ-2018: бебарорӣ дар Урдун

Тими миллии Тоҷикистон дар бозии даври шашуми марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 дар гурӯҳи “В” аз мунтхаби Урдун бо ҳисоби 3 бар 0 мағлуб шуд. Бозӣ рӯзи сешанбеи 13 октябр дар Варзишгоҳи байналмилалии Уммони давлати Урдун доир гардид. Қисми аввали бозӣ мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфт. Дар қисми дуюм соҳибони майдон ба дарвозаи Алишер Тӯйчиев се голи беҷавоб заданд. Ду голи урдуниҳоро Ҳамза Ал-Дарадреҳ ба самар расонд.

Дар бозии динари гурӯҳи мо мунтахаби Қирғизистон дар майдони худ бар аутсайдери гурӯҳ, мунтахаби Бангладеш бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуд. Голҳоро дар ин бозӣ Виталий Люкс ва Илдар Амиров заданд.

Баъд аз шаш давр мунтахаби Урдун бо 13 имтиёз зинаи аввали гурӯҳи “В”-ро ишғол мекунад, Австралия, ки дар ин давр истироҳат дошт, бо 9 имтиёздар ҷои дуюм қарор дорад. Қирғизистон бо 8 имтиёз дар ҷои сеюм ва мунтахаби миллии мо ҳамагӣ бо 2 имтиёз дар ҷои чорум меистад. Аутсайдери гурӯҳ мунтахаби Бангладеш 1 имтиёз дорад ва дар зинаи аз ҳама охири ҷадвали гурӯҳ қарор дорад.

Бозиҳои даври ҳафтум рӯзи 12 ноябр доир мешаванд. Дар доираи ин давр мунтахаби миллии Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе Бангладешро қабул мекунад. Мунтахаби Қирғизистон бошад, ба меҳмонии чемпиони феълии Осиё, мунтахаби Австралия меравад.

 

Марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018

Гурӯҳи «В». Даври 6-ум

Урдун  ТОҶИКИСТОН 3:0

Голҳо: Ҳамза Ал-Дарадрех, 65 (1:0). Ҳасан Абдел Фаттах, 67 (2:0). Ҳамза Ал-Дарадрех, 90+4 (3:0).

Урдун: Амер Шафи, Баха Абделрахман, Ахмад Салех, Одай Захран, Ясин Бахит, Абдалла Диб (Монтхер Абу Амара, 12), Раджай Фадел Хасан, Ибрахим Завахрех, Хасан Абдел Фаттах, Хамза Ал-Дарадрех, Мохаммад Ал-Дмеири.

ТоҷикистонАлишер Тӯйчиев, Далерҷон Тухтасунов, Манучеҳр Ахмедов (Парвизҷон Умарбоев, 74), Давронҷон  Эргашев, Хуршед Маҳмудов, Сиёвуш Асроров, Ҳасан Рустамов, Дилшод Восиев (Ҷаҳонгир Алиев, 88), Фатулло Фатҳуллоев, Аҳтам Назаров, Комил Саидов (Фарҳод Тоҳиров, 69).

Огоҳонида шуданд: Баха Абделрахман, Мохаммад Ал-Дмеири (Урдун), Далерҷон Тухтасунов, Давронҷон Эргашев (Тоҷикистон).

Сардовар: Абдулло Мохамед Масуд Ал-Хилали (Оман).

Комиссари бозӣ: Али Ҷебрил (Фаластин).

13 октябр. Уммон. Варзишгоҳи байналмилалӣ. 15 000 тамошобинон.

 

Қирғизистон Бангладеш 2:0

ГолҳоВиталий Люкс, 27 (1:0). Илдар Амиров, 88 (2:0).

Қирғизистон: Павел Матяш, Валерий Кичин, Виктор Майер (Турсунали Рустамов, 90+3), Азамат Байматов, Мирлан Мурзаев (Илдар Амиров, 65), Тамирлан Козубаев, Павел Сидоренко (Ислам Шамшиев, 90+3), Виталий Люкс, Фархат Мусабеков, Антон Землянухин, Эдгар Берндхардт.

Огоҳонида шуданд: Илдар Амиров, Валерий Кичин (Қирғизистон), Топу Барман, Хемонта Винсент, Монаем Хан Раджу, Резаул Карим (Бангладеш).

Сардовар: Джамил Джума Абдулхусайн (Баҳрайн).

Комиссари бозӣҶерри Хуан Сон (Хитой).

13 октябр. Бишкек. Варзишгоҳи ба номи Долен Омурзаков. 12 001 тамошобинон.

Б Ғ М Б Т/Т И
1 Урдун 5 4 1 0 12-1 13
2 Австралия 4 3 0 1 10-3 9
3 Қирғизистон 5 2 2 1 8-5 8
4 ТОҶИКИСТОН 5 0 2 3 4-12 2
5 Бангладеш 5 0 1 4 2-15 1

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 7-ум

12 ноябр (панҷшанбе)

ТОҶИКИСТОН – Бангладеш

Австралия – Қирғизистон

 

Даври 8-ум

17 ноябр (сешанбе)

Бангладеш – Австралия

Қирғизистон – Урдун

 

Даври 9-ум

24 март (панҷшанбе)

Австралия – ТОҶИКИСТОН

Урдун – Бангладеш

 

Даври 10-ум

29 март (сешанбе)

ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Австралия – Урдун

 

Гурӯҳи «А». даври 6-ум

Тимори Шарқӣ – Малайзия – 0:1

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 Арабистони Саудӣ 4 4 0 0 15-3 12
2 Имороти Муттаҳидаи Араб 4 2 1 1 12-2 7
3 Фаластин 4 1 2 1 9-4 5
4 Малайзия 5 1 1 3 2-20 4
5 Тимори шарқӣ 5 0 2 3 2-11 2

Даври 7-ум

12 ноябр (панҷшанбе)

Фаластин — Малайзия

ИМА — Тимори Шарқӣ

Даври 8-ум

17 ноябр (сешанбе)

Тимори Шарқӣ — Арабистони Саудӣ

Малайзия — ИМА

 

Гурӯҳи «С». Даври 6-ум

Бутан — Гонконг — 0:1

Қатар — Молдив — 4:0

    Б Ғ М Б Т\т И
1 Қатар 5 5 0 0 24-2 15
2 Гонконг 5 3 1 1 12-3 10
3 Хитой 4 2 1 1 9-1 7
4 Молдив 5 1 0 4 4-13 3
5 Бутан 5 0 0 5 3-33 0

Даври 7-ум

12 ноябр (панҷшанбе)

Хитой — Бутан

Молдив — Гонконг

Даври 8-ум

17 ноябр (сешанбе)

Бутан — Қатар

 

Гурӯҳи «D». Даври 6-ум

Туркманистон — Гуам — 1:0

Умон — Ҳиндустон — 3:0

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 Умон 5 3 2 0 9-3 11
2 Эрон 4 2 2 0 11-2 8
3 Туркманистон 5 2 1 2 5-6 7
4 Гуам 5 2 1 2 3-8 7
5 Ҳиндустон 5 0 0 5 3-12 0

Даври 7-ум

12 ноябр (панҷшанбе)

Эрон — Туркманистон

Ҳиндустон — Гуам

Даври 8-ум

17 ноябр (сешанбе)

Гуам — Эрон

Туркманистон — Умон

 

Гурӯҳи «Е». Даври 6-ум

Сингапур — Камбоҷа — 2:1

Сурия — Афғонистон — 5:2

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 Сурия 5 4 0 1 18-5 12
2 Япония 4 3 1 0 12-0 10
3 Сингапур 5 3 1 1 7-2 10
4 Афғонистон 5 1 0 4 3-18 3
5 Камбоҷа 5 0 0 5 1-16 0

Даври 7-ум

12 ноябр (панҷшанбе)

Сингапур — Япония

Даври 8-ум

17 ноябр (сешанбе)

Камбоҷа — Япония

Сингапур — Сурия

 

Гурӯҳи «F». Даври 6-ум

Ветнам — Таиланд — 0:3

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 Таиланд 4 3 1 0 8-2 10
2 Ироқ 3 1 2 0 8-4 5
3 Ветнам 4 1 1 2 3-6 4
4 Тайбэйи Чин 3 0 0 3 2-9 0

Даври 7-ум

12 ноябр (панҷшанбе)

Таиланд — Тайбэйи Чин

Даври 8-ум

17 ноябр (сешанбе)

Тайбэйи Чин — Ироқ

 

Гурӯҳи «G». Даври 6-ум

Мянма — Лаос — 3:1

Кувайт — Лубнон — 0:0

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 Кореяи Ҷанубӣ 4 4 0 0 14-0 12
2 Кувайт 5 3 1 1 12-1 10
3 Лубнон 5 2 1 2 4-4 7
4 Мянма 5 1 1 3 5-16 4
5 Лаос 5 0 1 4 3-17 1

Даври 7-ум

12 ноябр (панҷшанбе)

Кореяи Ҷанубӣ — Мянма

Лубнон — Лаос

Даври 8-ум

17 ноябр (сешанбе)

Лаос — Кореяи Ҷанубӣ

Мянма — Кувайт

 

Гурӯҳи «Н». Даври 6-ум

ҶХДК — Яман — 1:0

Баҳрайн — Филиппин — 2:0

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 ҶХДК 5 4 1 0 9-2 13
2 Узбекистон 4 3 0 1 12-5 9
3 Филиппин 5 2 1 2 5-8 7
4 Баҳрайн 5 2 0 3 7-7 6
5 Яман 5 0 0 5 0-11 0

Даври 7-ум

12 ноябр (панҷшанбе)

Филиппин — Яман

Узбекистон — ҶХДК

Даври 8-ум

17 ноябр (сешанбе)

ҶХДК — Баҳрайн

Яман — Узбекистон

Добавить комментарий