Манучеҳр Ҷалилов беҳтарин бозигари вохӯрии «Истиқлол» – «Хуҷанд» эътироф шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Манучеҳр Ҷалилов беҳтарин бозигари вохӯрии «Истиқлол» – «Хуҷанд» эътироф шуд

Ҳамлагари “Истиқлол” Манучеҳр Ҷалилов беҳтарин бозигари бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 дар гурӯҳи “Д” муқобили “Хуҷанд” дониста шуд.

Бозӣ рӯзи 11 март, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гардида, бо ҳисоби 2 бар 0 ба фоидаи “Истиқлол” анҷом ёфт. Манучеҳр Ҷалилов бозгашти худро ба Ҷоми КФО бо шаҳомати хоса ҷашн гирифт ва дар ин бозӣ ба задани ду гол муваффай гашт. Акнун, дар ҳисоби Ҷалилов дар бозиҳои Ҷоми КФО 13 гол мебошад.

Назари худро бинависед