Лигаи якуми Тоҷикистон-2020: «Эсхата» ба «Равшан» наздик мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи якуми Тоҷикистон-2020: «Эсхата» ба «Равшан» наздик мешавад

Дар мусобиқа байни дастаҳои лигаи якуми Тоҷикистон бозиҳои даври чордаҳум баргузор шуданд. Дар ин давр “Эсхата”-и Хуҷанд бо ҳисоби бузурги 6 бар 0 “Моҳир”-и Ёвонро шикаст дода, ба “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад, наздиктар шуд. Акнун, таносуби имтиёзҳои “Равшан” бо “Эсхата” ҳамагӣ ду холро ташкил медиҳад. Ёдрас мешавем, ки дар ин даври мусобиқа “Равшан”-и Кӯлоб дар сафар аз “Равшан”-и Зафаробод бо ҳисоби 1 бар 2 мағлуб шуд.

 

Мусобиқа байни дастаҳои лигаи якуми Тоҷикистон. Даври 14-ум

«Равшан» (Зафаробод) – «Равшан» (Кӯлоб) – 2:1

Голҳо: Шодӣ Муродов, 22 (0:1). Умедҷон Давлатбеков, 80 (1:1). Бахтиёр Зарипов, 90+3 (2:1).

 

«Эсхата» – «Моҳир» – 6:0

ГолҳоМубинҷон Муминов, 23 (1:0). Мубинҷон Муминов, 37 – аз пеналти (2:0). Мубинҷон Муминов, 47 (3:0). Амирҷон Раҳимов, 69 (4:0). Рустам Сабуров, 87 (5:0). Рустам Сабуров, 89 (6:0).

 

«Исфара» – «Ҳулбук» – 1:3

Голҳо: Хушбахт Назиров, 32 (1:0). Зайнулло Мирзоабдуллоев, 37 (1:1). Зайнулло Мирзоабдуллоев, 65 (1:2). Зайнулло Мирзоабдуллоев, 90+2 (1:3).

 

«Ҳосилот» – «Барқчӣ» – 1:0

Гол: Исроил Сомон, 56.

 

«Панҷшер» – «Саройкамар» – 4:3

Голҳо: Абдухалил Боронов, 3 (1:0). Абдухалил Боронов, 16 – з пеналти (2:0). Хуршед Ямаков, 40 (2:1). Аҳлиддин Умаралиев, 44 (2:2). Абдухалил Боронов, 52 (3:2). Абдухалил Боронов, 66 – аз пеналти (4:2). Соҳибҷон Ваҳобов, 74 (4:3).

 

«Шоҳмансур» – «Ваҳдат» – 0:2

Голҳо: Фирӯз Раҳматов, 10 (0:1). Фаридун Нарзуллоев, 62 (0:2).

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Равшан» (Кӯлоб) 14 11 0 3 53-28 33
2 «Эсхата» (Хуҷанд) 14 10 1 3 41-23 31
3 «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) 14 6 5 3 29-18 23
4 «Ваҳдат» (Ваҳдат) 14 6 4 4 39-26 22
5 «Равшан» (Зафаробод) 14 6 4 4 28-19 22
6 «Ҳулбук» (Восеъ) 14 6 3 5 27-24 21
7 «Ҳосилот» (Фархор) 14 6 2 6 25-23 20
8 «Исфара» (Исфара) 14 6 1 7 22-28 19
9 «Моҳир» (Ёвон) 14 5 2 7 30-46 17
10 «Саройкамар» (Панҷ) 14 4 3 7 28-34 15
11 «Барқчӣ» (Ҳисор) 14 4 1 9 23-28 13
12 «Шоҳмансур» (Душанбе) 14 0 2 12 9-57 2

 

Нишонзанҳо: Аваз Қамчинов («Ҳулбук») – 18 гол, Мубинҷон Муминов («Эсхата») – 16 гол, Баҳровар Ҳалимов («Моҳир») – 12 гол.

 

Дар даври 15-ум вомехӯранд:

16 сентябр (чоршанбе)

Оғози бозиҳо соати 16:00

«Ваҳдат» – «Равшан» (Зафаробод)

«Ҳулбук» – «Шоҳмансур»

«Саройкамар» – «Исфара»

«Моҳир» – «Панҷшер»

 

17 сентябр (панҷшанбе)

Оғози бозиҳо соати 16:00

«Барқчӣ» – «Эсхата»

«Равшан» (Кӯлоб) – «Ҳосилот»

Назари худро бинависед