Лигаи наврасони Тоҷикистон (U-18): «Ашт» ва КМВА пешсафони ҷадвали мусобиқа – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи наврасони Тоҷикистон (U-18): «Ашт» ва КМВА пешсафони ҷадвали мусобиқа

Аз рӯи ду даври мусобиқа дар Лигаи наврсони Тоҷикистон байни футболбозони то 18 сола дастаҳои “Ашт” (Ашт) ва КМВА (Душанбе) дар ҷадвали мусобиқа пешсаф мебошанд.

Дар даври дуюми мусобиқа наврсони аштӣ дар майдони худ бар ҳамсолонашон аз “Хуҷанд” бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз шуданд. Голҳои дастаи ғолибро Сарвар Шодмонов ва Муҳаммад Парпиев ба ҳадаф расонданд.

КМВА-и пойтахт низ дар ин давр дар майдони худ ба комёбӣ ноил шуд. Мудофиачиёни наврас ба дарвозаи дастаи “Хатлон” се голи бе ҷавоб заданд. Зарбаҳои нишонраси Фирӯз Муродов, Шероз Шарипов ва Шаҳбоз Ҳабибов се имтиёзро насиби футболбозони навраси КМВА гардонд.

Баъд аз бохт дар даври аввали мусобиқа футболбозони навраси Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпӣ (ММВЗО) тавонистанд, ки дар сафар ба наврасони “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 2 бар 0 дастболо шаванд. Дар ин бозӣ Умед Муродов ва Азиз Салимов ба задани гол муваффақ шуданд.

Дастаи «Орзу-2026»-и Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон бошад, дар бозии аввали худ дар мавсими имсола бо ҳисоби калони 6 бар 2 наврсони “Равшан”-и Кӯлобро шикаст дод. Дар ҳайати дастаи «Орзу-2026» ду голиро Кароматулло Боронов ва Сабзалӣ Ҳамроев, инчунин як голиро Фатҳулло Олимзода ва Давлатбек Акрамов ба самар расонданд.

Баъд аз ду даври бозиҳо наврсони «Ашт» ва КМВА бо шаш имтиёзӣ дар мақоми авали ҷадвали мусобиқа қарор доранд.

Даври навбатии бозиҳо дар Лигаи наврасони Тоҷикистон рӯзи душанбеи 6 июл баргузор мешавад.

Ёдрас мешавем, ки чемпионати Тоҷикистон байни наврсони то 18 сола бо дастгирии Ассотсиатсияи футболи Ҷопон баргузор мешавад.

 

Лигаи наврасони Тоҷикистон (U-18). Даври 2-юм

«Ашт» – «Хуҷанд» – 2:1

Голҳо: Сарвар Шодмонов, 4 (1:0). Муҳаммад Алиқулов, 68 (1:1). Муҳаммад Парпиев, 79 (2:1).

 

КМВА ВМ ҶТ – «Хатлон» – 3:0

Голҳо: Фирӯз Муродов, 44 (1:0). Шероз Шарипов, 59 (2:0). Шаҳбоз Ҳабибов, 90+4 (3:0).

 

«Регар-ТадАЗ» – ММВЗО – 0:2

Голҳо: Умед Муродов, 51 (0:1). Азиз Салимов, 72 (0:2).

 

«Орзу-2026» – «Равшан» – 6:2

ГолҳоФатҳулло Олимзода, 10 (1:0). Ҳотам Садриддинов, 30 (1:1). Кароматулло Боронов, 45 (2:1). Сабзалӣ Ҳамроев, 48 (3:1). Меҳроҷи Неъмат, 60 (3:2). Кароматулло Боронов, 61 (4:2). Давлатбек Акрамов, 65 (5:2). Сабзалӣ Ҳамроев, 89 (6:2).

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Ашт» (Ашт) 2 2 0 0 6-1 6
2 КМВА (Душанбе) 2 2 0 0 6-2 6
3 «Орзу-2026» (Академияи ФФТ) 1 1 0 0 6-2 3
4 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 2 1 0 1 4-2 3
5 ММВЗО (Душанбе) 2 1 0 1 4-3 3
6 «Равшан» (Кӯлоб) 2 1 0 1 5-7 3
7 МҶМОВ (Душанбе) 1 0 0 1 0-3 0
8 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 2 0 0 2 1-5 0
9 «Хатлон» (Бохтар) 2 0 0 2 0-7 0

 

Дар даври 3-юм вомехӯранд:

6 июл (душанбе)

ММВЗО – «Орзу-2026»

«Хатлон» – «Регар-ТадАЗ»

МҶМОВ – «Ашт»

«Хуҷанд» – КМВА

Назари худро бинависед