Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020: ғалабаи «Самандар» бар «Муҳоҷир» – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020: ғалабаи «Самандар» бар «Муҳоҷир»

«Самандар»-и турсунзода, ки марҳилаи аввали Лигаи касбии футзали Тоҷикистонро дар зинаи охирони ҷадвали мусобиқа ҷамъбаст намуд, ғайричашмдошт дар бозии якуми плей-офф барои баромадан ба бозиҳои ниманиҳоӣ бар “Муҳоҷир”-и пойтахт пирӯзӣ ёфт.

Голи ягона ва ғолибияти дастаи “Самандар”-ро Фирдавс Тусматов зад. Бозии дуюм байни “Самандар” ва “Муҳоҷир” рӯзи сешанбеи 22 сентябр, соати 16:00 дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ баргузор мешавад.

Ёдрас мешавем, ки ду дастаи пешсафи марҳилаи якуми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон «Соро компания»-и Душанбе ва «Сипар»-и Хуҷанд ба бозиҳои ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.

 

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020

Плей-офф

«Муҳоҷир» – «Самандар» – 0:1

Гол: Фирдавс Тусматов, 24.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Манучеҳр Солеҳов («Самандар»).

Ҳисоб дар серия – 0:1.

 

«Истаравшан» – «Равшан» – 5:0

Ҳисоб дар серия – 1:0.

Назари худро бинависед