Лигаи футболи Тоҷикистон оғози бозиҳои даври 3-юмро эълон кард – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи футболи Тоҷикистон оғози бозиҳои даври 3-юмро эълон кард

Лигаи футболи Тоҷикистон оғози бозиҳои даври 3-юмро эълон кард. Ба ҳамин тартиб, 18 –уми март соати 14:00 дар майдони дуввуми Варзишгоҳи марказӣ КМВА «Помир» бо дастаи «Хуҷанд» вориди майдон мешаванд. Дар ҳамин рӯз, соати 17:00 клуби футболи «Истиқлол» бо «Регар-ТадАЗ» дар майдони асосии Варзишгоҳи марказӣ бо ҳам қувва меозмоянд.

18-уми март, ҳамчунин дар Варзишгоҳи шаҳри Ҳисор «Барқчӣ» клуби футболи «Ҳосилот»-ро қабул мекунад. Оғози бозӣ соати 18:00.

Як вохӯрии дигари даври сеюм ба 19-уми март вогузор гардид ва соати 15:00 бо ширкати дастаҳои «Вахш» ва «Панҷшер» дар майдони дуввуми Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки баъди ду давр «Ҳосилот»-и Фархор бо 6 имтиёз дар зинаи аввал буда, «Регар-ТадАЗ» бо 4 имтиёз зинаи дуввумро ишғол мекунанд. «Истиқлол» баъди як вохӯрӣ бо 3 хол дар ҷои сеюм аст.

Добавить комментарий