Лигаи бонувони Тоҷикистон-2020: мусовӣ дар бозии пешсафон – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи бонувони Тоҷикистон-2020: мусовӣ дар бозии пешсафон

Дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи занона рӯзи 30 август бозиҳои даври понздаҳум баргузор шуданд.

Дар бозии марказии давр довталабони медалҳои қаҳрамонии мусобиқа – «Хатлон» ва «Зебо» вохӯрданд. Бозӣ хеле шиддатноку шавқовар сурат гирифта, мусовии бегол анҷом ёфт – 0: 0. Аз ин  мусовӣ “Зебонисо” -и пойтахт истифода кард. Футболбозбонувони пойтахт дар Турсунзода бо ҳисоби калони 6 бар 0 “Регар-ТадАЗ” – ро шикаст доданд. Ин бурд дастаи душанберо дар ҷадвали мусобиқа ба “Хатлон” хеле наздик намуд.

То охири мавсим ҳар дастаро гузаронидани се бозӣ боқӣ мондааст.

 

Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи бонувон. Даври 15-ум

«Зебо» – «Хатлон» – 0:0

«Барқ» – «Чашма» – 0:1

«Равшан» – «Ҳосилот» – 2:1

«Регар-ТадАЗ» – «Зебонисо» – 0:6

«Панҷшер» – «Бешкент» – 3:3

 

Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Хатлон» (Бохтар) 15 13 2 0 119-5 41
2 «Зебонисо» (Душанбе) 15 13 1 1 154-3 40
3 «Зебо» (Дӯстӣ) 15 11 3 1 109-10 36
4 «Бешкент» (Носири Хусрав) 15 8 2 5 61-21 26
5 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 14 8 1 5 59-18 25
6 «Барқ» (Норак) 15 3 2 10 7-88 11
7 «Ҳосилот» (Фархор) 15 3 2 10 8-100 11
8 «Равшан» (Кӯлоб) 15 3 0 12 5-76 9
9 «Чашма» (Шаҳритус) 15 3 0 12 10-132 9
10 «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) 14 1 3 10 15-100 6

 

НишонзанҳоЛайло Ҳалимова («Хатлон») – 70 голМадина Фозилова («Зебо»/«Зебонисо») – 58 голРафина Нормуратова («Бешкент») – 44 гол, Шукронаи Ҷумъахон («Зебо»/«Зебонисо») – 32 голМеҳрангез Шарипова («Зебо») – 28 гол, Некӯбахт Худододова («Зебонисо») – 22 гол.

 

Дар даври 16-ум вомехӯранд:

2 сентябр (чоршанбе)

«Хатлон» – «Бешкент»

«Зебонисо» – «Панҷшер»

«Ҳосилот» – «Регар-ТадАЗ»

«Чашма» – «Равшан»

«Зебо» – «Барқ»

Назари худро бинависед