Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021: «Истиқлол» «Ал-Ҳилол»-ро шикаст дода, ба зинаи якуми ҷадвали гурӯҳи «А» баромад – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021: «Истиқлол» «Ал-Ҳилол»-ро шикаст дода, ба зинаи якуми ҷадвали гурӯҳи «А» баромад

Чемпиони Тоҷикистон дастаи футболи «Истиклол»-и Душанбе, дар даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 бо ҳисоби калони 4 бар 1 дастаи “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудиро шикаст дода, ба садри ҷадвали мусобиқа баромад.

«Истиқлол» бозиро бо ҳисоби 0:1 бохта истода тавонист, ки аз худ  матонату исдодагарӣ нишон дода, дар ҷамъбаст бо ҳисоби калони 4 бар 1 пирӯз шавад. Дар ин вохӯрӣ Манучеҳр Ҷалилов ва Манучеҳр Сафаров бо ду голии задаи худ се имтиёзи арзишмандро ба хазинаи дастаи худ зам намуданд. Ҳоло дастаи мо бо ҳафт имтиёз аз чор бозӣ дар садри зинаи ҷадвали гурӯҳи “А” қарор дорад. Зинаи дуюмро “Ал-Ҳилол” ишғол мекунад. Ӯ низ ҳафт имтиёз дорад.

Бозии даври панҷуми худро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 “Истиқлол” рӯзи сешанбеи 27-уми апрел ба муқобили «Шубоб Ал-Аҳли Дубай» аз ИМА мегузаронад. Ин бозӣ соати 23:55 ба вақти душанбе оғоз мешавад.

 

Лигаи қаҳрамонҳо КФО-2021

Гурӯҳи «А». Даври 4-ум

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – 4:1

ГолҳоБафетимби Гомис, 24 (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 39 (1:1). Манучеҳр Ҷалилов, 44 (2:1). Манучеҳр Сафаров, 49 (3:1). Манучеҳр Сафаров, 52 (4:1).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мищенко, Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров, Нуриддин Давронов (Хуршед Ҷӯраев, 90+2), Шаҳром Сулаймонов, Алишер Ҷалилов (Рёта Нома, 79), Рустам Соиров (Ваҳдат Ханонов, 90+2), Манучеҳр Ҷалилов.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Манучеҳр Сафаров («Истиқлол»).

24 апрел. Риёз. Варзишгоҳи Шоҳзода Фейсал Бин Фаҳд.

 

«Шубоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА) – АГМК (Узбекистон) – 3:1

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) 4 2 1 1 8-6 7
2 «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) 4 2 1 1 8-7 7
3 «Шубоб Ал-Аҳли» (АМА) 4 1 1 2 4-5 4
4 АГМК (Узбекистон) 4 1 1 2 7-9 4

 

Тақвими бозиҳои боқимонда

Даври 5-ум

27 апрел (сешанбе)

22:00 – «Шубоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН). Ар-Риёз, Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд

22:00 – АГМК (Узбекистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ). Ар-Риёз, варзишгоҳи Шоҳзода Фейсал Бин Фаҳд

 

Даври 6-ум

30 апрел (ҷумъа)

22:00 – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – АГМК (Узбекистон). Ар-Риёз, Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд

22:00 – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «Шубоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА). Ар-Риёз, варзишгоҳи Шоҳзода Файсал Бин Фаҳд

Назари худро бинависед