Кумитаи Иҷроияи ФФТ мавсими имсолаи футболро натиҷагирӣ намуд – Федерация Футбола Таджикистана

Кумитаи Иҷроияи ФФТ мавсими имсолаи футболро натиҷагирӣ намуд

Дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 18-уми ноябр ҷаласаи навбатии Кумитаи Иҷроия баргузор гардид. Дар ҷаласа мавсими имсолаи футболи кишвар натиҷагирӣ шуда, самтҳои фаъолияти Федератсия барои мавсими оянда муайян карда шуданд.

Рӯзномаи ҷаласа аз панҷ банд иборат буд:

1. Оиди ҷамъбасти бозиҳои Лигаи миллии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаҳои олӣ, якум ва Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2016.

2. Оид ба ҷамъбасти баромади дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар соли 2016, тасдиқи ҳайати мураббиён ва муайян намудани вазифаи дастаҳои мунтахаб дар соли 2017.

3. Оиди беҳтар намудани фаъолияти Академияи футболи Федератсияи фуболи Тоҷикистон.

4. Оиди ҷамъбасти мусобиқаҳо байни дастаҳои кӯдакон ва наврасон дар соли 2016.

5. Муҳокимаи лоиҳаи Нақшаи стратегии рушди футбол дар Тоҷикистон барои солҳои 2017-2026.

Оиди мавзӯи якум директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов баромад карда, ба Кумитаи Иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳисобот дод. Баъди ҳисоботи Урунов Кумитаи Иҷроияи ФФТ мавзӯи мазкурро мавриди таҳилу баррасӣ қарор дод. Кумитаи Иҷроияи қарор кард, ки дар масими соли оянда чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ бо иштироки ҳашт даста ташкилу баргузор гардонида шавад. Тартиби баргузории мусобиқа дар се қисм муайян шуд. Дар мавсими соли 2017 ба лигаи олии Тоҷикистон клубҳои футбол баъди гузаштан аз талаботҳои литсензиякунонии ҳатмӣ роҳ дода мешаванд.

Баъд аз ин, дар назди Кумитаи Иҷроия сармураббиёни тимҳои наврасон, ҷавонон ва тими миллӣ, мутаносибан, Зайнидин Раҳимов, Виталий Левченко ва Ҳаким Фузайлов ҳисобот доданд. Мураббиён дар ҷаласа оиди корҳои анҷомдодаи худ дар соли ҷорӣҳисобот дода, инчунин аъзоёни Кумитаи Иҷроияро ба нақшаҳои худ барои мавсими соли оянда шинос намуданд. Бо Қарори Кумитаи Иҷроия Зайнидин Раҳимов ва Виталий Левченко мутаносибан сармураббиёни мунтахабҳои наврасон (U-16)  ва ҷавонон (U-19) барои давраи нав тасдиқ шуданд. Дар назди онҳо вазифаи баровардани мунтахабҳои наврасону ҷавонон ба марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё-2018  гузошта шуд. Марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2018 барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз 16 то 24 сентябр ва барои мунтахабҳои ҷавонон бошад аз 21 то 29 октябр доир мешавад.

Дар баробари ин, дар ҷаласа  сармураббии тими миллии Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов ҳамзамон сармураббии мунтахаби ҷавонони то сини 23 солаи Тоҷикистон таъин шуд. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз 15 то 23 июли соли 2017 дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2018 иштирок мекунад. Вазифаи мунтахаби миллии Тоҷикистон чун пештара –  ба даст овардани роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 боқӣ мемонад. Рақибони мунтахаби миллии Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии интихоби Ҷоми Осиё-20219 расо баъд аз ду моҳ – 18 январ муайян хоҳанд шуд.

Дар ҷаласаи Кумитаи Иҷроияи ФФТ, инчунин директории Академияи футболи ФФТ Умедҷон Умаров низ баромад карда, аъзоёни Комиҷроияро ба фаъолияти имрӯзаи Академия ошно сохт. Маълум шуд, ки дар Академияи футболи ФФТ, ки дар шаҳраки Алмосӣ ҷойгир аст, айни замон 40 нафар кӯдакони соҳибистиқлолро дар ду гурӯҳ ба таълиму тамрин фаро гирифтааст.

Оиди натиҷаи мусобиқаҳо байни дастаҳои футболи кӯдакону наврасон дар мавсими футболи соли 2016 роҳбари департаменти футболи кӯдакону наврасони ФФТ Анваршо Мирзоев ҳисобот дода, инчунин Комиҷроияро ба нақшаҳои департамент барои соли оянда шинос намуд.

Директори техники ФФТ Комрон Шодиев дар баромади худ оиди нақшаи стратегии рушди футбол дар Тоҷикистон барои солҳи 2017-2026 батафсил нақл кард. Нақшаи мазкур таз ҷониби гурӯҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳия шудааст.

Дар ҷаласаи Кумитаи Иҷроияи ФФТ эълон шуд, ки маросими ботантанаи мукофотонии беҳтаринҳои мавсими футболи соли 2016, охири моҳи декабр дар Қасри «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Добавить комментарий