Капитани мунтахаби миллии Тоҷикистон ба «Истиқлол» баргашт – Федерация Футбола Таджикистана

Капитани мунтахаби миллии Тоҷикистон ба «Истиқлол» баргашт

Капитани мунтахаби миллии Тоҷикистон, ниммуҳофиз Нуриддин Давронов, ки мавсими соли гузаштаро дар «Дунав»-и Булғористон гузаронд боз ба дастаи собиқи худ «Истиқлол»-и Душанбе баргашт.

Ба иттилои сомонаи расмии клуби футболи пойтахт, клубҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва  «Дунав»-и Булғористон барои ба таври иҷоравӣ то моҳи июли соли 2017 ба ҳайати «Истиклол» гузаштани ин футболбоз шартномаи ризоиятро ба тасвиб расонданд. Дар шартнома, инчунин имконияти то охири сол тамдид намудани муҳлати иҷораи Давронов низ дар назар дошта шудааст. Давронов дар «Истиқлол» таҳти рақами 8, ки қаблан низ  бо ин рақам бозӣ мекард, баромад хоҳад кард.

«Ман хеле хурсандам, ки боз дар ҳайати клуби маҳбуби худ ва одамони наздикам қарор дорам. Танҳо бо мақсади ба даста кӯмак расондан омадаам. Ман ва ҳамроҳонам барои сазовор гузаронидани мавсими имсолаи футбол, махсусан хуб баромад кардан дар Ҷоми КФО тамоми кӯшишу ғйратамонро ба харҷ хоҳем дод», – гуфт ниммуҳофиз.

Добавить комментарий