«Истиқлол» ва «Ҳосилот» мавсими навро бо ғалаба оғоз карданд – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» ва «Ҳосилот» мавсими навро бо ғалаба оғоз карданд

Чемпиони мамлакат – «Истиқлол»-и Душанбе  ва дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати соли гузашта – «Ҳосилот»-и Фархор  мавсими навро бо ғалаба оғоз карданд.

«Истиқлол» дар Варзишгоҳи марказии пойтахт «Барқчӣ»-и Ҳисорро қабул карда, бо натиҷаи 6:0 ғалаба кард. Аввалин хет-трикро дар мавсими нави футбол ҳамлагари дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва КФ «Истиқлол» Манучеҳр Ҷалилов ба номи худ сабт кард. Ҳамлагари дигари истиқлолиҳо Дмитрий Барков муаллифи ду гол гардид. Боз як голи дигаррро Ҷаҳонгир Алиев ба нишон расонд.

«Ҳосилот»-и Фархор бозии нахустини худро дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бо «Хуҷанд»-и Хуҷанд доир кард. Меҳмонон дар дақиқаи 34-ум баъди зарбаи Дилшод Бозоров ба сафи пеш баромаданд. Ба соҳибиони майдон,-«Ҳосилот» муяссар гардид, ки бо голҳои Ҳасан Рустамов дар дақиқаи 59-ум ва Агблей Ҷонс 89-ум ба голи футболбозони шаҳри Хуҷанд ҷавоб гардонанд ва гатиҷаро 2:1 гардонанд.

Ба ҳамин тартиб даври аввали мвсими нави футбол ба анҷом расид. Ду ғалаба ва ду мусовӣ онро рангин карданд.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 1

«Истиқлол» – «Барқчӣ» – 6:0

Муаллифи голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 9 (1:0). Дмитрий Барков, 20 (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 29 (3:0). Манучеҳр Ҷалилов, 43 (4:0). Ҷаҳонгир Алиев, 44 (5:0). Дмитрий Барков, 84 (6:0).

Пеналтии бенатиҷа: Манучехр Джалилов («Истиклол»), 9 – дарвозабон.

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Ромиш Ҷалилов, Артем Барановский, Аҳтам Назаров, Дэвид Мавутор (Эҳсони Панҷшанбе, 46), Нуриддин Давронов (Фаридун Шарифов, 46), Ҷахонгир Алиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Манучеҳр Ҷалилов (Амирбек Ҷӯрабоев, 57), Дмитрий Барков.

«Барқчӣ» (Душанбе): Беҳрӯз Хайриев, Манучеҳр Сафаров, Ваҳдат Ханонов, Оятулло Сафаров, Ҳусейн Нурматов, Муҳсин Парпиев, Кароматулло Саидов, Амирдҷон Сафаров, Шериддин Бобоев (Шаҳром Самиев, 55), Далер Ёдгоров, Нуриддин Ҳамроқулов.

Огоҳӣ: Ромиш Ҷалилов («Истиқлол»).

Бозингари беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

Довари майдон: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе) – 7,8.

Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).

Комиссар бозӣ: Шавкат Ахмедов (Душанбе).

8 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ. 200 тамошобин.

 

«Ҳосилот» – «Хуҷанд» – 2:1

Муаллифи голҳо: Дилшод Бозоров, 34 (0:1). Ҳасан Рустамов, 59 (1:1). Агблей Джонс, 89 (2:1).

«Ҳосилот» (Фархор): Рустам Ризоев, Содиқ Мусо, Ойбек Абдуғаффоров, Сафаралӣ Каримов, Ҳасан Рустамов, Хайрулло Азизов, Абдурасул Раҳмонов, Муҳаммадҷони Ҳасан, Акуффо Гершон, Наврӯз Рустамов, Агблей Джонс.

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Дилшод Додобоев, Манучеҳр Ахмедов, Сохибҷон Ҳакимов, Далерҷон Тӯхтасунов, Шероз Абдуллоев, Эҳсон Бобоев, Отабек Каримов, Ҳикматулло Расулов, Шоҳрух Раҷабматов (Мирзошариф Ҳасанов, 80), Дилшод Бозоров, Давронҷон Тӯхтасунов (Шероз Сангинов, 76).

Огоҳӣ: Ҳасан Рустамов, Муҳаммадҷони Ҳасан («Ҳосилот»), Шоҳрух Раҷабматов, Давронҷон Тӯхтасунов, Мирзошариф Ҳасанов, Манучеҳр Ахмедов («Хуҷанд»).

Бозингари беҳтарин: Ҳасан Рустамов («Ҳосилот»).

Довари майдон: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Нозири доварон: Абдулло Алимов (Ҳамадонӣ).

Комиссар бозӣ: Субҳон Хӯҷамов (Душанбе).

8 марта. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 7526 тамошобин.

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 1 1 0 0 6-0 3
2 «Ҳосилот» (Фархор) 1 1 0 0 2-1 3
3 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 1 0 1 0 1-1 1
4 «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) 1 0 1 0 1-1 1
5 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 1 0 1 0 0-0 1
6 КМВА «Помир» (Душанбе) 1 0 1 0 0-0 1
7 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 1 1 0 0 1-2 0
8 «Барқчӣ» (Ҳисор) 1 0 0 1 0-6 0

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 3, Дмитрий Барков («Истиқлол») – 2 тӯб.

 

Дар даври 2-юм вомехуранд:

12 март (якшанбе)

Оғоз, соати 14:00

«Хуҷанд» – «Вахш»

«Панҷшер» – «Ҳосилот»

«Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ»

Добавить комментарий