«Истиқлол» ва «Хуҷанд» чемпионати имсолаи Тоҷиистонро бо ғалаба оғоз карданд – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» ва «Хуҷанд» чемпионати имсолаи Тоҷиистонро бо ғалаба оғоз карданд

Дастаҳои авлои Лигаи олии Тоҷикистон “Истиқлол” ва “Хуҷанд” даври аввали чемпионати имсоларо бо ғалабаҳои сафарӣ оғоз намуданд.

Дар даври ифтитоҳӣ “Хуҷанд” дар Варзишгоҳи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бар КМВА бо ҳисоби 3 бар 1 пирӯз шуд. Голҳои дастаи соҳили Сирдарёро легионери узбекистонӣ Андрей Сидоров, Хуршед Бекназаров ва Манучеҳр Ахмедов заданд. Голи ягонаи мудофиачиёнро Шодибек Ғаффоров ба нишон расонд.

Дар бозии ҷамъбастии даври ифтитоҳии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои дигаи олӣ чемпиони амалкунандаи кишвар “Истиқлол”-и пойтахт ба дарвозаи дебютанти чемпионат “Душанбе-83” ҳафт голи беҷавоб зад.  Се голи “Истиқлол”-ро Манучеҳр Ҷалилов, ду голро Шериддин Бобоев, як голии дигарро  Алишер Ҷалилов ва легионери туркманистонӣ Воҳид Оразсаҳедов ба самар расондиданд.

Бозиҳои даври навбатии чемпионати Тоҷикистон рӯзҳои шанбе ва якшанбеи 11-12 апрел баргузор мешаванд.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 1-ум

«Душанбе-83» – «Истиқлол» – 0:7

Голҳо: Воҳид Оразсаҳадов, 25 (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 31 (0:2). Алишер Ҷалилов, 46 (0:3). Манучеҳр Ҷалилов, 59 (0:4). Манучеҳр Ҷалилов, 64 (0:5). Шериддин Бобоев, 80 (0:6). Шериддин Бобоев, 90 (0:7).

«Душанбе-83» (Душанбе): Азимҷон Қараев, Изатулло Рӯзиев, Далер Имомназаров, Алишер Эргашев, Парвиз Ҳамидов, Дилшод Расулов (Колинс Адухене, 53), Идрис Амину, Хуршед Абдуллоев, Исмоил Алимардонов (Хуршед Файзуллоев, 88), Агблей Ҷонс (Фарҳод Қосимов, 89), Элчибек Рашидбеков.

«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Марко Милич, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир (Муҳаммадҷон Раҳимов, 60), Зоир Ҷӯрабоев, Алексей Ларин, Виктор Свежов (Хуршед-Тимур Ҷӯраев, 60), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Воҳид Оразсаҳадов (Шериддин Бобоев, 60), Манучеҳр Ҷалилов.

Огоҳонида шуданд: Алишер Эргашев, Агблей Ҷонс («Душанбе-83»), Виктор Свежов, Хуршед-Тимур Ҷӯраев («Истиқлол»).

Аз майдон хориҷ шуданд: Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»), 43 – барои таҳқири ҳариф, Алишер Эргашев («Душанбе-83»), 43 – барои таҳқири ҳариф.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

СардоварАмирҷон Хоркашев (Душанбе).

Нозири доварон: Равшан Ишматов (Бохтар).

Комиссари бозӣ: Комрон Шодиев (Душанбе).

8 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 

КМВА – «Хуҷанд» – 1:3

Голҳо: Андрей Сидоров, 45 (0:1). Хуршед Бекназаров, 63 (0:2). Шодибек Ғаффоров, 76 (1:2). Манучеҳр Ахмедов, 90+2 – аз пеналти (1:3).

КМВА (Душанбе): Иван Пономаренко, Комрони Мирзохон (Ислом Усмонов, 88), Алиҷон Кароматуллозода, Бахтиёр Қаландаров, Дмитрий Бондар, Билол Сулаймонов (Дилшод Восиев, 56), Артём Гайдаш, Нодирбек Ибрагимов, Фирӯз Бобиев, Шервони Мабатшоев, Шодибек Ғаффоров.

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Маъмур Икрамов, Хуршед Бекназаров, Сироҷ Ҳамроев, Ойбек Абдуғаффоров, Фирдавс Чақалов (Манучеҳр Ахмедов, 87), Манучеҳр Сафаров, Абдулмумин Забиров, Комрон Мирзонаҷот (Бахтиёр Чориев, 82), Санҷар Рихсибоев, Фатҳулло Фатҳуллоев (Дилшод Бозоров, 75), Андрей Сидоров.

Огоҳонида шуданд: Шервони Мабатшоев (КМВА), Абдулмумин Забиров, Хуршед Бекназаров, Манучеҳр Сафаров, Андрей Сидоров («Хуҷанд»).

Аз бозӣ хориҷ шуд: Фирӯз Бобиев (КМВА), 68 – барои корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Андрей Сидоров («Хуҷанд»).

СардоварАбдулло Давлатов (Шаҳринав).

Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).

Комиссари бозӣ: Фаррух Ҳусейнзода (Ҷалолиддини Балхӣ).

8 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи Вазорати мудофиаи ҶТ .

  Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 1 1 0 0 7-0 3
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 1 1 0 0 3-1 3
3 «Хатлон» (Бохтар) 1 1 0 0 2-1 3
4 «Локомотив-Помир» (Душанбе) 1 0 1 0 2-2 1
5 «Файзканд» (Восеъ) 1 0 1 0 2-2 1
6 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 1 0 1 0 0-0 1
7 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 1 0 1 0 0-0 1
8 «Истаравшан» (Истаравшан) 1 0 0 1 1-2 0
9 КМВА (Душанбе) 1 0 0 1 1-3 0
10 «Душанбе-83» (Душанбе) 1 0 0 1 0-7 0

 

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 3 гол, Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 2 гол.

 

Дар даври 2-юм вомехӯранд:

11 апрел (шанбе)

«Файзканд» – «Регар-ТадАЗ»

«Истаравшан» – «Кӯктош»

«Локомотив-Помир» – «Душанбе-83»

12 апрел (якшанбе)

«Хуҷанд» – «Хатлон»

«Истиқлол» – КМВА

Назари худро бинависед