«Истиқлол» – «Дордой»: конфронси матбуотӣ барои рӯзноманигорон – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» – «Дордой»: конфронси матбуотӣ барои рӯзноманигорон

Ба таваҷҷӯҳи рӯзноманигорон! Рӯзи душанбе, 13 март, соати 11:00 дар меҳмонхонаи «Атлас» (дар назди бинои «Газпром-нефт-Тоҷикистон») нишасти матбуотӣ пеш аз вохӯрии даври аввали бозиҳо барои  Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)  дар гурӯҳи «D» бо ширкати дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Дордой»-и Бишкек (Қирғизистон)  баргузор мешавад.

Ба саволҳо сармураббии дастаи «Истиқлол» Мӯҳсин Муҳаммадиев ва «Дордой» Мурат Ҷумъакеев, инчунин якнафарӣ бозингарон аз ҳарду даста ҷавоб мегӯянд.

Баъд аз анҷоми конфронс ба рӯзноманигорон бейҷҳои акредитатсионӣ барои инъикоси вохӯриҳои дастаи «Истиқлол» дар бозиҳои гурӯҳии Ҷоми КФО дода мешаванд.

Телефонҳо барои маълумоти бештар:  911100014 ё 918667387  (Фариддун Салиев)

Добавить комментарий