«Истиқлол» чемпиони нӯҳкаратаи Тоҷикистон шуд – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» чемпиони нӯҳкаратаи Тоҷикистон шуд

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки рӯзи якшанбе, 20-уми сентябр, бозии даври шонздаҳуми чемпионати Тоҷикистонро дар сафар бо дастаи “Хатлон”-и Бохтар бо ҳисоби баробари 1 бар1 анҷом дод, се давр пеш аз ба охир расидани мусобиқаи Лигаи олии футболи кишвар барандаи медалҳои тилло гардид.

Дар ин вохӯрӣ ҳамлагари ҷавони “Истиқлол”, Рустам Соиров дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 45+2, ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро Кароматулло Саидов дар ибтидои нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 47-ум зад. Ӯ тӯбро аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ ба ҳадаф расонд.

Ҳамин тариқ, “Истиқлол”, ки аз рақиби аслиаш “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд 12 имтиёз бештар дорад, дар ҷадвали мусобиқа мақоми аввалро касб намудааст. Душанбегиҳо дар 15 бозӣ 41 имтиёз ба даст оварданд.

“Истиқлол” бори нӯҳум унвони чемпиони футболи Тоҷикистонро соҳиб шуд. Қобили зикр аст, ки имсол футболбозони дастаи пойтахт бори ҳафтум мешавад, ки пайиҳам соҳиби медалҳои тиллои мусобиқаи Лигаи олии мамлакат мешаванд. “Истиқлол” солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019 ва 2020 медалҳои тиллои Лигаи олии Тоҷикистонро соҳиб шудааст.

“Хуҷанд”, ки бо касби 29 имтиёз дар ҷадвал дар зинаи дувум қарор дорад, довталаби аслии медалҳои нуқра маҳсуб мешавад. Хуҷандиҳо дар даври шонздаҳум дар майдони худ аз «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрданд. Голҳои легионери камерунӣ Мбеке Сиебатчеу Диеудони ва Муҳаммадшариф Саидхоҷа (аз пеналтӣ) ба “Кӯктош” се имтиёз овард. Як голи “Хуҷанд”-ро Тоҳир Малодӯстов ба самар расонд.

“Хатлон”-и Бохтар бо 25 имтиёз дар ҷойи севум мебошад. Бохтариҳо барои медалҳои биринҷӣ бо дастаҳои “Кӯктош” ва ССКА талош доранд.

Дар даври шонздаҳум “Локомотив-Помир” бар ССКА бо ҳисоби 3: 2 пирӯз шуд. Се имтиёзро ба роҳиоҳанчиён зарбаҳои дақиқи Азизбек Ҳасанов, Озодбек Панҷиев ва Манучеҳр Сафаров оварданд.

“Файзканд”-и Восеъ имтиёзҳоро бо “Душанбе-83” тақсим кард – 1: 1. Ба голи ҳамлагари «Душанбе-83» Люк Менжан Леонел, бозигари мизбонон Шарафҷон Солехов бо гол аз пеналтӣ посух дод.

Дар бозии дигари даври гузашта “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан дар майдони худ “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод. Се голро Илҳом Баротов зада, хет-трик кард. Як голи дигарро Абдураҳмон Қурбонов ба самар расонд.

Бозиҳои даври 17-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 26-27-уми сентябр баргузор мешаванд.

 

    Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 15 13 2 0 58-8 41
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 15 9 2 4 24-18 29
3 «Хатлон» (Бохтар) 15 6 6 3 24-20 24
4 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 15 6 5 4 23-19 23
5 ССКА (Душанбе) 15 5 5 5 23-23 20
6 «Душанбе-83» (Душанбе) 15 4 5 6 17-24 17
7 «Файзканд» (Восеъ) 15 3 7 5 14-25 16
8 «Локомотив-Помир» (Душанбе) 15 3 4 8 14-24 13
9 «Истаравшан» (Истаравшан) 15 3 3 9 21-33 12
10 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 15 2 3 10 17-41 9

 

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 13 тӯб, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Илҳом Баротов («Истаравшан») – 12-тӯбӣ, Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 10 тӯб, Рустам Соиров («Истиқлол») – 8 тӯб.

 

Даври 17-ум

26 сентябр (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

«Регар-ТадАЗ» – «Файзканд»

«Кӯктош» – «Истаравшан»

 

27 сентябр (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

«Хатлон» – «Хуҷанд»

ССКА – «Истиқлол»

“Душанбе-83” – «Локомотив-Помир»

Назари худро бинависед