«Истиқлол» бо Ҷоми қаҳрамонӣ дар Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2021 сарфароз шуд – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» бо Ҷоми қаҳрамонӣ дар Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2021 сарфароз шуд

Футболбозони «Истиқлол»-и Душанбе, ки пеш аз мӯҳлат барандаи Ҷоми қаҳрамонии Coca-Cola чемпионати Тоҷикистон-2021 шуданд, бо  ҷоми қаҳрамонӣ сарфароз гардиданд.

Пас аз анҷоми бозии даври бисту шашуми Чемпионати Тоҷикистон-2021 миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Файзканд» (5:0) футболбозон ва мураббиёни бошгоҳи Душанбе бо медалҳои тилло ва Ҷоми қаҳрамонӣ қадрдонӣ шуданд.

Дар маросими супурдани медалҳои тиллои мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2021 ба дастаи “Истиқлол” ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва директори генералии Лигаи футболи кишвар Сайвалӣ Шоқурбонов ширкат намуданд.

Назари худро бинависед