«Истиқлол» баромадашро дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 аз бозӣ бар муқобили «Шубоб Ал-Аҳли Дубай» шурӯъ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» баромадашро дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 аз бозӣ бар муқобили «Шубоб Ал-Аҳли Дубай» шурӯъ мекунад

Конфедератсияи футболи Осиё тақвими бозиҳои мусобиқаи асосии бошгоҳии қитъавӣ – Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021-ро, ки дар он қаҳрамони Тоҷикистон – “Истиқлол”-и Душанбе низ баромад мекунад, мунташир сохт.

Тибқи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии мусобиқа, ки 27 январ баргузор шуд, “Истиқлол” дар гурӯҳи “А” ҳамроҳ бо дастаҳои футболи «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Шубоб Ал-Аҳли Дубай» (ИМА) ва ғолиби ҷуфти бозии плей-офф миёни дастаҳои «Ал-Ғарафа» (Қатар) – АГМК (Узбекистон) баромад мекунад.

Ба ин тартиб, “Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 шаш бозӣ мегузаронад. Бозии аввалини дастаи мо рӯзи 15 апрел бо қаҳрамони Имороти Муттаҳидаи Арабӣ – “Шубоб Ал-Аҳли Дубай” доир мешавад.

Ёдрас мешавем, ки марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи асосии бошгоҳии Осиё дар минтақаи Ҷануб ба шакли мутамаркиз аз 14 то 30 апрел ва дар минтақаи Шарқ аз 21 апрел то 7 май доир мегардад.

Бино бар низомномаи ин мусобиқа, мувофиқи натиҷаҳои марҳалаи гурӯҳӣ, ғолибони ҷумла панҷ гуруҳи ҳар минтақа ва низ се дастаӣ аз гурӯҳҳо, ки бо нишондоди беҳтар чойи дуюмро ба даст овардаанд, ба дидорҳои ҳаштякниҳоӣ роҳ меёбанд.

 

Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021

Гурӯҳи «А»

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

«Шубоб Ал-Аҳли Дубай» (ИМА)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

Ғолиби ҷуфти плей-оффи «Ал-Ғарафа» (Қатар)/АГМК (Узбекистон).

 

Дври 1-ум

15 апрел (чоршанбе)

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – ғолиби ҷуфти плей-оффи «Ал-Ғарафа» (Қатар)/АГМК (Узбекистон)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Шубоб Ал-Аҳли Дубай» (ИМА)

 

Даври 2-юм

18 апрел (якшанбе)

Ғолиби ҷуфти плей-оффи «Ал-Ғарафа» (Қатар)/АГМК (Узбекистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

«Шубоб Ал-Аҳли Дубай» (ИМА) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

 

Даври 3-юм

21 апрел (чоршанбе)

Ғолиби ҷуфти плей-оффи «Ал-Ғарафа» (Қатар)/АГМК (Узбекистон) – «Шубоб Ал-Аҳли Дубай» (ИМА)

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

 

Даври 4-ум

24 апрел (шанбе)

«Шубоб Ал-Аҳли Дубай» (ИМА) – Ғолиби ҷуфти плей-оффи «Ал-Ғарафа» (Қатар) /АГМК (Узбекистон)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН– «Ал-Ҳилол» (Арабистони Судӣ)

 

Даври 5-ум

27 апрел (сешанбе)

Ғолиби ҷуфти плей-оффи «Ал-Ғарафа» (Қатар)/АГМК (Узбекистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

«Шубоб Ал-Аҳли Дубай» (ИМА) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

 

Даври 6-ум

30 апрел (ҷумъа)

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «Шубоб Ал-Аҳли Дубай» (ИМА)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН– Ғолиби ҷуфти плей-оффи «Ал-Ғарафа» (Қатар)/АГМК (Узбекистон)

Назари худро бинависед