Қисми дуюми Formula55 – лигаи касбии футзали Тоҷикистон оғоз шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Қисми дуюми Formula55 – лигаи касбии футзали Тоҷикистон оғоз шуд

Рӯзи шанбеи 14-уми август бо баргузории се вохӯрӣ қисми дуюми Formula55 – Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 шурӯъ шуд.

Дар бозии марказии давр «Соро компания» бар «Истиқлол» бо ҳисоби 5:2 пирӯз шуд. Дар ҳайати «Соро компания» легионери эронӣ Руҳулло Исарӣ ба задани се гол муваффақ шуда, он гунае, ки дар футбол мегӯянд хет-трик кард. Капитани даста Файзалӣ Сардоров бошад ба задани ду гол кмёб шуд. Голҳои «Истиқлол»-ро Некрӯз Идиев ва бозигари нави даста Меҳроб Раҳимов заданд. Меҳроб ниммаи аввали мусобиқа дар ҳайати «Памир» бозӣ карда буд.

Дастаи футзали «Сипар»-и Хуҷанд дар ин давр ғалабаи бузургро ба даст овард. Футзалбозони “Сипар” ба дарвозаи дастаи “Самандар”-и Турсунзода бист гол зада, аз даврозаи худ ҳамагӣ як гол сар доданд. Дар ҳайати дастаи ғолиб Парвиз Раҳматаов пента-трик кард.

Дар бозии дигаи давр дебютани лига “Помир”-и Хоруғ бар дастаи “Пойтахт” бо ҳисоби 4:1 зафар ёфт. Се голи задаи Худобахш Мирзоев ва як голи Хайём Дарвешов ғалабаро насиби дастаи “Помир” намуд.

Бозиҳои даври ҳафтуми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон рӯзи шанбеи 21-уми август баргузор хоҳанд шуд.

 

Formula55 – Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021

Даври 6-ум

«Соро компания» – «Истиқлол» – 5:2

ГолҳоРуҳулло Исарӣ, 1 (1:0). Руҳулло Исарӣ, 2 (2:0). Руҳулло Исарӣ, 5 (3:0). Некрӯз Идиев, 15 (3:1). Файзалӣ Сардоров, 16 (4:1). Меҳроб Раҳимов, 35 (4:2). Файзалӣ Сардоров, 40 (5:2).

Аз майдон хориҷ шудМирсаид Камолов («Истиқлол»), 38 – рафтори иғвоангез.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣРуҳулло Исарӣ («Соро компания»).

14 август. Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ. 200 тамошобин.

 

«Помир» – «Пойтахт» – 4:1

Голҳо: Худобахш Мирзоев, 9 (1:0). Меҳрубон Тиллоев, 16 (1:1). Худобахш Мирзоев, 20 (2:1). Худобахш Мирзоев, 26 (3:1). Хайём Дарвешов, 35 (4:1).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣХудобахш Мирзоев («Помир»).

14 август. Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ. 200 тамошобин.

 

«Самандар» – «Сипар» – 1:20

Голҳо: Маъруф Раҳимов, 6 (1:0). Собирҷон Гуляков, 8 (1:1). Парвиз Раҳматов, 10 (1:2). Парвиз Раҳматов, 12 (1:3). Вахтанг Кекелия, 16 (1:4). Парвиз Раҳматов, 17 (1:5). Вахтанг Кекелия, 22 (1:6). Шавкат Ҳалимов, 22 (1:7). Баходур Хоҷаев, 24 (1:8). Собирҷон Гуляков, 25 (1:9). Оятулло Сафаров, 27 (1:10). Парвиз Раҳматов, 30 (1:11). Дилшод Саломов, 30 (1:12). Парвиз Раҳматов, 31 (1:13). Собирҷон Гуляков, 33 (1:14). Оятулло Сафаров, 34 (1:15). Умед Кузиев, 35 (1:16). Умед Кузиев, 35 (1:17). Нукри Чумбуридзе, 36 (1:18). Баҳодур Хоҷаев, 37 (1:19). Раҳмоналӣ Шарипов, 39 (1:20).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣСобирҷон Гуляков («Сипар»).

14 август. Турсунзода. Маҷмааи варзишии «Самандар». 50 тамошобин.

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Сипар» (Хуҷанд)                      6 5 1 0 51-9 16
2 «Соро компания» (Душанбе) 6 5 1 0 34-10 16
3 «Помир» (Хоруғ) 6 3 1 2 13-16 10
4 «Истиқлол» (Душанбе) 6 2 1 3 10-14 7
5 «Пойтахт» (Душанбе) 6 1 0 5 10-25 3
6 «Самандар» (Турсунзода) 6 0 0 6 14-58 0

 

Нишонзанҳо: Парвиз Раҳматов («Сипар») – 9 гол, Баҳодур Хоҷаев («Сипар») – 8 голРуҳулло Исарӣ («Соро компания») – 7 гол, Ориф Меликов («Самандар») – 6 гол, Муҳаммад Раҷабов («Соро компания») – 5 гол.

 

Тақвими бозиҳои навбатӣ:

Бозии даври 9-ум

16 август (душанбе)

11:00 – «Истиқлол» – «Сипар»

 

Даври 7-ум

21 август (шанбе)

«Истиқлол» – «Пойтахт»

«Соро компания» – «Самандар»

«Сипар» – «Помир»

 

Даври 8-ум

28 август (шанбе)

«Сипар» – «Соро компания»

«Помир» – «Истиқлол»

«Пойтахт» – «Самандар»

Назари худро бинависед