Имрӯз дастаи мунтахаби миллии футболи занонаи Тоҷикистон бо Ветнам бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз дастаи мунтахаби миллии футболи занонаи Тоҷикистон бо Ветнам бозӣ мекунад

Дастаи мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон имрӯз, 29 сентябр, бозии ҷамъбастии худро дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2022 дар гурӯҳи “В” анҷом медиҳад.

Дар ин вохӯрӣ дастаи мунтахаби миллии футболи занонаи Ветнам рақиби тими мо хоҳад буд. Барои ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2022 роҳ ёфтан тими миллии Тоҷикистонро дар вохӯрии имрӯза танҳо пирӯзӣ қонеъ хоҳад кард.

Бозии Ветнам – Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 18:00 оғоз мешавад. Вурудшавӣ ба варзишгоҳ роёгон аст.

 

Марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2022 байни мунтахабҳои футболи занона

Гурӯҳи «В». Даври 2-юм

29 сентябр (чоршанбе)

Оғози бозиҳо соати 18:00

Ветнам – ТОҶИКИСТОН

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Назари худро бинависед