Голи навбатии Комрон Турсунов дар дивизиони якуми Ҳиндустон – Федерация Футбола Таджикистана

Голи навбатии Комрон Турсунов дар дивизиони якуми Ҳиндустон

Ниммуҳофизи мунтахаби миллии Тоҷикистон Комрон Турсунов голзанияшро дар Hero I-Leaguе – дивизиони якуми Ҳиндустон идома дода истодааст.

Дар даври ҳаштуми дивизиони якуми Ҳиндустон дастаи «ТРАУ»-и Комрон Турсунов дар майдони худ аз «Гокуламу» бо ҳисоби 1 бар 3 мағлуб шуд. Футболбози тоҷик ҳамаи 90 дақиқаи вохӯриро дар майдон гузаронида, дар дақиқаҳои охири вохӯрӣ ба задани гол муваффақ шуд.

Ёдрас мешавем, ки аз аввали мавсими Hero I-Leaguе – дивизиони якуми Ҳиндустон Комрон Турсунов дар ҳайати «ТРАУ» ҳашт бозӣ гузаронда, чор гол задааст.

Назари худро бинависед