Голи Эҳсони Паншанбе дар ҳайати «Навбаҳор» дар Ҷоми Узбекистон-2021 – Федерация Футбола Таджикистана

Голи Эҳсони Паншанбе дар ҳайати «Навбаҳор» дар Ҷоми Узбекистон-2021

Ниммуҳофизи мунтахаби миллии Тоҷикистон Эҳсони Паншанбе дар ҳайати “Намангон”-и Навбаҳор дар Ҷоми Узбекистон ба задани гол муваффақ шуд.

Дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Узбекистон-2021 дар гурӯҳи «D» “Навбаҳор”-и Намангон дар майдони худ бар дастаи “Оқтеппа” бо ҳисоби калони 3 бар 0 пирӯз шуд. Дар ин вохӯрӣ Эҳсони Паншанбе дар ҳайати авалия ба майдон баромада дар дақиқаи 60-ум ҷаримаи пеналтиро бехато ба нишон расонд.

Назари худро бинависед