Футболи занона: ММФЧА ва “Хатлон” пешсафони ҷадвали мусобиқа – Федерация Футбола Таджикистана

Футболи занона: ММФЧА ва “Хатлон” пешсафони ҷадвали мусобиқа

Дар мусобиқа байни дастаҳои футболи духтарони то 17 солаи Тоҷикистон рӯзҳои истироҳатии ин ҳафта бозиҳои даври навбатӣ доир шуданд. Дар бозии марказии давр дастаи “Хатлон” дар майдони худ бар ММФЧА бо ҳисоби 3 бар 2 пирӯзӣ ёфт.

Дар бозиҳои дигар «Навбаҳор»-и Мастчоҳ бар “Равшан” бо ҳисоби калони 5 бар 0 дастболо шуда, бозӣ байни «Зарнисор» ва «Ҳосилот» мусовии бе гол анҷом ёфт.

 

Мусобиқа байни дастаҳои футболи духтарони то 17 соли Тоҷикистон. Даври 4-ум

«Хатлон» – ММФЧА – 3:2

«Мастчоҳ» – «Равшан» – 5:0

«Зарнисор» – «Ҳосилот» – 0:0

 

    Б Ғ М Б Т И
1 ММФЧАуғд) 4 3 0 1 20-4 9
2 «Хатлон» (Бохтар) 4 3 0 1 8-4 9
3 «Ҳосилот» (Фархор) 4 2 1 1 4-7 7
4 «Навбаҳор» (Мастчоҳ) 4 2 0 2 13-4 6
5 «Зарнисор» (Вахш) 4 1 1 2 3-10 4
6 «Равшан» (Кӯлоб) 4 0 0 4 2-21 0

 

Нишонзанҳо: Рухшона Файзуллоева (ММФЧА) – 11 гол, Заррина Имомназарова (ММФЧА) – 6 гол, Муҳайминаи Гулаҳмад («Хатлон»), Саида Соатилоева («Мастчоҳ») –  5 голӣ.

Назари худро бинависед