Formula55 – Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021: «Сипар» ва «Соро компания» ба ҳарифонашон тараҳум накарданд – Федерация Футбола Таджикистана

Formula55 – Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021: «Сипар» ва «Соро компания» ба ҳарифонашон тараҳум накарданд

Рӯзи шанбеи 21 август бозиҳои даври навбатии Formula55 – Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 баргузор шуданд.

Қаҳрамони феълии мамлакат «Сипар»-и Хуҷанд ба дарвозаи «Памир»-и Хоруғ даҳ голи беҷавоб зад. Се голи хуҷандиҳоро легионери гурҷистонӣ  Нукри Чумбуридзе зада, он гунае, ки бо забони футболӣ мегӯянд, хет-трик кард.

Дар ин давр «Соро компания»-и Душанбе ҳам ба рақибаш тараҳум накард. Дастаи футзали душанбегӣ ба дарвозаи “Самандар”-и Турсунзода 13 голи бе посух зад. Дар ҳайати дастаи “Соро компания”  Фирӯз Сангов ба номи худ хет-трик сабт кард.

Дар бозии ҷамъбастии даври ҳафтум «Истиқлол» бар «Пойтахт» бо ҳисоби 3:2 пирӯзӣ ёфт. Ду голи задаи Самандар Ризомов ва як голи задаи Муҳаммадҷони Асламхон ба дастаи «Истиқлол» зафар овард.

Баъди ҳафт даври бозиҳои Formula55 – Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 бо 22 имтиёз дастаи «Сипар»-и Хуҷанд пешсаф мебошад. «Соро компания» бо 19 имтиёз дар мақоми дуюми ҷадвали мусобиқа қарор дорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дастаи футзали пойтахт нисбат ба “Сипар”-и хуҷанд як бозӣ кам гузаронидааст.

Дар бозии марказии даври навбатӣ “Сипар” бо “Соро компания” вомехӯрад. Ин бозӣ рӯзи 28 август дар маҷмааи варзишии “Қасри варзиш”-и шаҳри Хуҷанд баргузор хоҳад гашт.

 

Formula55 – Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021

Бозии даври 9-ум

«Истиқлол» – «Сипар» – 0:8

Голҳо: Иван Бахур, 1 (0:1). Рустам Ҳамидов, 7 (0:2). Парвиз Раҳматов, 14 (0:3). Умед Кузиев, 23 (0:4). Вахтанг Кекелия, 27 (0:5). Вахтанг Кекелия, 36 (0:6). Парвиз Раҳматов, 39 (0:7). Собирҷон Гуляков, 40 (0:8).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Иван Бахур («Сипар»).

16 август. Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ. 120 тамошобин.

 

Даври 7-ум

«Сипар» – «Помир» – 10:0

Голҳо: Нукри Чумбуридзе, 3 (1:0). Нукри Чумбуридзе, 18 (2:0). Иван Бахур, 23 (3:0). Амир Ибрагимов, 28 (4:0). Умед Кузиев, 30 (5:0). Нукри Чумбуридзе, 34 (6:0). Раҳмоналӣ Шарипов, 36 (7:0). Парвиз Раҳматов, 37 (8:0). Амир Ибрагимов, 39 (9:0). Собирҷон Гуляков, 39 (10:0).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Нукри Чумбуридзе («Сипар»).

21 август. Гулистон. Маҷмааи варзишии «Шоҳин». 100 тамошобин.

 

«Соро компания» – «Самандар» – 13:0

Голҳо: Руҳулло Исари, 3 (1:0). Фирӯз Сангов, 4 (2:0). Насим Шарипов, 14 (3:0). Муҳаммад Раҷабов, 16 (4:0). Идрис Ёров, 18 (5:0). Файзалӣ Сардоров, 24 (6:0). Насим Шарипов, 25 (7:0). Фаридун Неъматов, 28 (8:0). Муҳсин Муҳаммадзода, 32 (9:0). Муҳаммад Шарипов, 33 (10:0). Фаридун Неъматов, 33 (11:0). Фирӯз Сангов, 35 (12:0). Фирӯз Сангов, 38 (13:0).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Комрон Алиев («Соро компания»).

21 август. Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ. 100 тамошобин.

 

«Истиқлол» – «Пойтахт» – 3:2

Голҳо: Самандар Ризомов, 2 (1:0). Аквенте Калмон, 20 (1:1). Самандар Ризомов, 26 (2:1). Соиб Раупов, 30 (2:2). Муҳаммадҷони Асламхон, 33 (3:2).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Фирӯз Юсуфзода («Истиқлол»).

21 август. Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ. 100 тамошобин.

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Сипар» (Хуҷанд)                      8 7 1 0 69-9 22
2 «Соро компания» (Душанбе) 7 6 1 0 47-10 19
3 «Истиқлол» (Душанбе) 8 3 1 4 13-24 10
4 «Помир» (Хоруғ) 7 3 1 3 13-26 10
5 «Пойтахт» (Душанбе) 7 1 0 6 12-28 3
6 «Самандар» (Турсунзода) 7 0 0 7 14-71 0

 

Нишонзанҳо: Парвиз Раҳматов («Сипар») – 12 гол, Руҳулло Исари («Соро компания»), Баҳодур Хоҷаев («Сипар») – 8 голӣ, Муҳаммад Раҷабов, Насим Шарипов (ҳарду аз «Соро компания»), Собирҷон Гуляков («Сипар»), Ориф Меликов («Самандар») – 6 голӣ.

 

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 8-ум

28 август (шанбе)

«Сипар» – «Соро компания»

«Помир» – «Истиқлол»

«Пойтахт» – «Самандар»

 

Даври 9-ум

4 сентябр (шанбе)

«Пойтахт» – «Соро компания»

«Самандар» – «Помир»

 

Даври 10-ум

11 сентябр (шанбе)

«Истиқлол» – «Пойтахт»

«Помир» – «Соро компания»

«Сипар» – «Пойтахт»

Назари худро бинависед